ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

МУҲОҶИРОНРО БАРОИ КОФТАНИ ХАНДАҚ БА УКРАИНА БУРДА, ПУЛАШОНРО НАДОДААНД (ВИДЕО)


“Система”, тарҳи муштараки таҳқиқотии Радио Свобода ва ТВ “Настоящее Время”, муайян кардааст, ки ширкати “АБЗ Белый Раст” аз вилояти Маскав муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷикҳоро барои кандани хандақҳо ба вилоятҳои аз сӯи Русия ишғолшудаи Украина бурда, пулашонро пурра пардохт накардааст. Вале роҳбарияти ширкат мегӯяд, онҳо пули кори ин мардикоронро пурра дода буданд ва онҳоро саркорҳо (бригадирҳо) фиреб додаанд.

Моҳи январи соли 2023  муҳоҷири 27-сола аз Тоҷикистон Нурулло (номи ӯ бо хоҳишаш иваз карда шудааст) аз Евгений Коноплёв, яке аз моликони ширкати “АБЗ Белый Раст” аз шаҳри Дмитрови вилояти Маскав барои корҳои сохтмонӣ фармоиш гирифт. 35 коргар таҳти роҳбарии Нурулло бояд хандақ мекофтанд ва блиндаж месохтанд. Барои ҳар километри хандақҳои кофташуда ба онҳо 800 ҳазор рубл ( 11 ҳазору 400 доллар бо қурби аввали моҳи январ) ваъда дода буданд. Мардикорон ба ин паҳлуи масъала, ки бояд ин корро дар сарзаминҳои аз сӯи Русия ишғолшуда, дар ҳудуди вилояти Запорожеи Украина анҷом диҳанд, чандон парвое накарданд.

Аммо ин амали онҳо тибқи қонунҳои Украина, ҳамчун мусоидат ба ишғоли сарзаминҳои ин кишвар ва иштирок дар амалиёти ишғолгарӣ арзёбӣ мешавад ва ҷазояш ҳукми зиндон аст.

Нурулло ба “Система” нақл кард, ки онҳоро дар наздикии Токмак, дар деҳаи Каменка дар хонаҳое, ки соҳибонашон баъди ишғоли ин минтақа фирор карда буданд, ҷой карданд.

Бригадаи Нурулло хандақҳо ва блиндажҳоро дар хатти дуюми ҷабҳа, 15 километр дуртар аз хатти аввали ҷанг меканд ва аз ин рӯ, тирҳои тӯпхонаҳои артиши Украина то ҷои онҳо намерасид.

“Аввал экскаватор хандақҳоро меканд ва мо сипас бо даст давомашро дуруст мекардем. Барои сарбозон паноҳгоҳ ва дигар анвои пинҳонгоҳҳои лозим барои ҷанг месохтем”, – нақл кардааст Нурулло ба таҳқиқгарони тарҳи “Система”.

Мушкилоти мардикорон вақте сар шуд, ки онҳо алакай як қисми корро анҷом доданд, вале Коноплёв ба ҷои 800 ҳазор рубли барои ҳар километри хандақҳои кандашуда ваъдадодааш ба Нурулло ва аъзои бригадаи ӯ ҳудуди 600-ҳазорӣ дод ва аз пардохти маблағи боқимонда сар кашид. Мардикорон ба нишони эътироз аз идомаи хандақканӣ даст кашиданд ва тасмим гирифтанд, ки ба Маскав баргарданд.

Вале, нақл мекунад Нурулло, ҳамаи мардикорон барои бозгашт то Маскав пул надоштанд ва як қисми онҳо дар интизори пули корашон дар он минтақаи ишғолшуда дармондааст. “Онҷо одамоне ҳастанд, ки 40 ҳазор, 50 ҳазор, то 60 ҳазор рубл пули корашонро то ҳол нагирифтаанд”, – нақл кардааст Нурулло.

Нурулло ва ҳамкорони ба Маскав баргаштааш ба пулис муроҷиат кардаанд: Дар Маскав ба пулис ариза навиштем. Дар Запороже пулис нест, онҷо фақат ҳарбиёнанд, ки ҳар коре дилашон хост, мекунанд. Мепарронанд, метарконанд, зери хок мекунанд ва ғайри худашон пеши ягон каси дигар ҷавобгӯ нестанд”.

Дар ВКД Русия ва додситонии Маскав ба суоли “Система дар бораи ин аризаи мардикорон посухе надодаанд, вале як манбаи огоҳ аз навори хабарҳои пулиси Русия сабт шудани аризаи муҳоҷиронро тасдиқ карда, гуфтааст, ки онҳоро баъди аризаашон дар мавриди “вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия” хеле кофтукобу пурсуҷӯ карданд, вале ягон қонуншиканӣ пайдо накарданд: Ҳамаи ин муҳоҷирон дар Русия ба таври қонунӣ кору зиндагӣ мекардаанд.

Нурулло нақл мекунад, ки баъди ариза доданашон ӯву ду коргарашро боздошт карданд ва дар додситонӣ ин шаҳрвандони Тоҷикистонро тарсонданӣ шудаанд.

Фишор меоварданд, кӯшиш мекарданд, то битарсонанд. Ман гуфтамашон, ки ҳарчӣ мехоҳед, бикунед. Ба мо мегфтанд, ки оё медонед, ки ба шумо барои ба Запороже рафтан ҳабси умрбод таҳдид мекунад? Мо гукфтем, ки мо дар онҷо намеҷангидем, балки кор мекардем “, – нақл мекунад Нурулло.

Евгений Коноплёв, яке аз моликони ширкати “АБЗ Белый Раст” аз посух додан ба суолҳои “Система” даст кашидааст, вале инкор накардааст, ки дар ҳақиқат мардикорони ба кор ҷалбкардаи ӯ дар вилояти Запороже кор мекарданд. Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба роҳбарияти ширкат гуфтааст, ки дар ин моҷаро соҳибони ин ширкат низ ҷабрдидаанд: “Нисбат ба мо бад рафтор карданд. Одамони хеле бевиҷдон будаанд. Мардикоронро бригадирҳояшон фиеб медиҳанд ва баъдан ин мардикорон аз ширкати корфармо пули худро талаб мекунанд. Мо алакай ду маротиба боз ба чунин ҳолат дучор меоем ва базӯр худро халос мекунем”.

Вале Нурулло, ки худаш ҳам бригадир буд, ин даъвои ширкатро рад мекунад ва мегӯяд, ҳолати кор комилан баракс аст.

Ширкати “АБЗ Белый Раст” асосан ба сохтмони роҳ ва таъмини масолеҳи сохтмон, ба мисли бетону асфалт (мум) ва хишт магғул буда, асосан барои муассисаи давлатии “Мосавтодор”, масъули нигоҳубини роҳҳои Маскав корҳое, мисли тармими роҳҳои мошингарду нигоҳубини роҳҳои пиёдагардро анҷом медод. Дар 5 соли охир “Белый Раст” бо “Мосавтодор” ба маблағи якуни миллиард рубл, ё қармб 20 миллион доллар қарордод баста, соли 2022 аз волии вилояти Маска Андрей Воробёв барои ҳамкорӣ сипоснома гирифта буд.

Бино ба  иттилои бахши русии ББС,  “Белый Раст” ҳамчунин ба ҷабҳаҳои ҷанги Украина ашёи бетонӣ, ба мисли “дандонҳои аждаҳо” (“зубы дракона”) мефиристод, ки барои гирифтани пеши роҳи пешрафти техникаи ҳарбии артиши Украина истифода мешаванд.

Артиши Русия аз тирамоҳи соли 2022 дар вилоятҳои ишғолкардааш дар Украиана хатҳои нави дифоӣ сохта истодааст. Бино ба аксҳои моҳвораӣ, тақрибан дар тамоми тӯли хатти ҷанг – аз Херсон то Клинтси ба дарозии садҳо километр хандақҳо канда шудаанд. Як хандақ дар Запороже, ки бригадаи Нурулло ҳам онҷо кор мекард, 70 километр дарозӣ дошта, аз шаҳраки Мариновкаи ноҳияи Приморе, яъне тақрибан аз Бердянск то наздикии шаҳри Мелитопол тӯл мекашад.

Павел Лисянский, ҳомии ҳуқуқ аз Украина мегӯяд, ба Нурулло ва ҳамкорони ӯ барои кандани хандақҳо ва блиндажҳо, ки иншооти ҳарбӣ ба шумор мераванд, дар Украина ҳукми зиндон таҳдид мекунад: “Агар онҳо дар онҷо хандақ канда бошанд, пас дар амалиёти ишғолгарӣ ва амалиёти ҷангӣ иштирок доштанд. Мнро метавонанд ҳамчун ҷинояти барқасдона, ё ҳамчун узвият дар гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ таъбир кунанд”. Ба онҳо ҳадди ақал барои убурми ғайриқонунии марзи Украина ҷарима таҳдид мекунад.

Лисянский ба муҳоҷирон тавсия медиҳад, ки ба сарзаминҳои ишғолшуда барои кор нараванд, чунки “90 дарсад эҳтимоле вуҷуд дорад, ки пули корашонро дар охир намедиҳанд”.

Матлаб бо ҳамкории Антон Стеков ва Акрами Абдуқаҳҳхор таҳия шудааст.

Тарҷума аз Настоящее Время

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button