ДУЗДИИ ЧОРВОИ ХУРДИ ЯК МӮСАФЕД ДАР ДАНҒАРА, ТЕЛЕФОНДУЗДИИ ЯК ЗАН ДАР КОНИБОДОМ ВА ҚАЛЛОБӢ БО ПУЛИ 9 ТОННА БОДИРИНГ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 25.04.2023
Ошкор гардидани дуздии чорво ва телефони мобилӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара аризаи марди 71-солаи сокини ноҳияи мазкур гардид, ки 18-уми марти соли 2023 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз чарогоҳи мавзеи “Лойлиқа” 1-сар чорвои майдаи шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати зани 31-солаи сокини шаҳри Конибодом оғоз карда шудааст, ки ӯ тахминан аввалҳои моҳи марти соли 2023 ҳангоми дар ошхонаи «Парвина» қарор доштанаш бо тариқи пинҳонӣ аз ошхонаи мазкур 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми Нот 10»-ро, ки ба зани 36-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 350 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 42-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки 11-уми ноябри соли 2022 марди 38-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 9-тонна сабзавоти бодирингро ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, 12 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 58 ҳазор сомониашро то ҳол барнагардонидааст.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 36-солаи сокини шаҳри Истаравшан оғоз карда шудааст, ки ӯ моҳи майи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи Деваштич даромада, аз ӯ 140 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.