ВидеоҶомеа

ДОД ЗАД, КИ ЧАРО БЕИҶОЗАТ ВОТСАПП КУШОДӢ? МАРГИ ПУРАСРОРИ БУНАФШАИ СИСОЛА

Субҳи 13 апрели соли 2023 ҷасади Бунафша Раҷабова, ҷавонзани сисолаи  модари се фарзандро дар хонаи шавҳараш дар деҳаи Марғедар дар Панҷакент ҳалқаи дор дар гардан пайдо карданд.

Падару модар ва бародарони Бунафша дар Русия буданд. Шавҳари ӯ Муҳиддин субҳи 13 апрел баъди аз ҳалқаи дор берун овардани ҷасади Бунафша ба падарарӯсаш, ки тағояш ҳам ҳаст, занг зада, хабар додааст, ки биёед, духтаратон худашро овехт…

Падару модари Бунафша, ки дар шаҳри Домодедово дар канори шаҳри Маскави Русия кору зиндагӣ мекарданд, филҳол худро ба фурудгоҳ расонда, соати 12 ба парвози Маскав – Душанбе чипта гирифтаанд ва шоми 13 апрел худро ба Панҷакент расондандю

Ҷасади Бунафшаро алакай ҳамон рӯз ташхис карда, рӯзи 14 апрел дар оромгоҳи Марғедар ба хок супурданд.

Тарафи шавҳараш исрор меварзад, ки ӯ бо роҳи ҳалқовез худкушӣ кардааст.

Аммо онҳое, ки ҷасадро пеш аз дафн дидаанд, ба хешовандони Бунафша гуфтаанд, ки ба натиҷаҳои ташхис ва суханони тарафи шавҳар бовар накунанд, чунки дар гардани ӯ пайи даст дида мешуд ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Бунафшаро буғӣ карда куштаанд.

Хешовандонаш мегӯянд, ки ҳоло волидайни Бунафша талош доранд, то қазияи марги ӯ мӯшикофона таҳқиқ шавад ва хушдоман ва шавҳари Бунафша бояд ҳадди ақал барои то ба худкушӣ расондани ӯ ҷазо бинанд.

Ба гуфтаи наздикони Бунафша, ӯ то як соли пеш, ки ҳамроҳи хушдоманаш мезист, зери ситами модари шавҳар, ки барои ӯ амма ҳам буд, қарор дошт. Ҳамин тавр, ӯ ба наздиконаш пайваста аз шавҳараш шикоят мекард, ки бо ҳар баҳона рӯзашро сиёҳ мекунад, мезанад ва азияташ медиҳад.

Яке аз хешовандони Бунафша рӯзи 25 апрел дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт:  “Азбаски падару модар ва қариб ҳама аҳли оилаи Бунафша дар Русия ҳастанд, ӯ чанд вақт пеш дар телефонаш барномаи ВотсАпп мекушояд, то ки гоҳ гоҳ бо падару модар ва бародаронаш суҳбат карда, ғами дилашро барорад. Бори охир рӯзи 7 апрел, яъне 6 рӯз пеш аз маргаш ба модараш ба Русия занг зада, шиква кардааст, ки шавҳараш барои бе иҷозати вай кушодани барномаи ВостАпп таҳдидаш кардааст, ки ӯро мекушад. Ин охирин тамоси ӯ бо аҳли оилааш буд. Баъди он чандин бор зангаш задаанд, вале гӯширо набардоштааст. Субҳи 13 апрел, соати 7 шавҳараш занг заду гуфт, ки биёед, мурдаашро гиред… Дар ин байн чӣ гузашт, касе намедонад…”

Аз Бунафша се фарзанди хурдсол – ду духтар ва як писар – ятим монд: Муҳаббат, ки синфи дуюм мехонад, Фаришта, ки 4 сол дорад ва писари ягонааш Садриддин, ки ҳамагӣ дуюнимсола аст.

Бунафша Раҷабова, соли таваллудаш 1993, аз деҳаи Зери Ҳисор буда, соли 2012 ба писари аммааш Муҳиддин ба шавҳар баромад. Мақсади қудоҳо, ки акою хоҳар буданд, дигарбора мустаҳкам кардани риштаҳои хешутаборӣ бо издивоҷи фарзандонашон буд. Вале марги фоҷиавии Бунафша яқинан риштаҳои хешутабории ин акаю хоҳарро дигар барои умрбод канд…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button