ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ САРДОРИ КОМЕНДАТУРАИ ЯКУМИ ВОРУХ ПОДПОЛКОВНИК ЛАЗУРИЕВ ДАР РОБИТА БА ВИДЕОИ ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНАИ САРБОЗОН (ВИДЕО +18)

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25 апрели соли 2023 хабар дод, ки рӯзи 25 апрел дар робита ба қазияи латтукӯби бераҳмонаи сарбозон  нисбат ба сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, подполковник Лазуриев Нузхат Хиззатович бо дастрасии моддаи 391 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон   парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда низ ба ҳабс гирифта шуд.

Ин банди қонун барои Сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида, боиси оқибатҳои вазнин шуда бошад, ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Комендатураи якуми Ворух дар марзи ин ҷамоати марбут ба шаҳри Исфараи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷойгир шуда, яке аз доғтарин нуқтаҳо дар марзи тоҷику қирғиз ба шумор меравад.

Додситонии кулли Тоҷикистон шоми 24 апрели соли 2023 дар як вокуниши сареъ ба видеои латтукӯби бераҳмонаи сарбозон хабар дода буд, ки  5 сарбозеро, ки ҳамхидматони худро латтукӯб карда буданд, пайдову дастгир карда, ба зидди онҳо парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Аммо нимаи дуюми рӯзи 25 апрел ин хабар аз сомонаи Додситонии кул ба таври ногаҳонӣ ва бидуни кадом шарҳу тафсир пок карда шуд, ки ин сару садоҳои мухталиферо ба бор овард.

Баъди чанд соат додситонӣ бо нашри иттилоияи ҷадид аз боздошти подполковник Лазуриев дар робита ба ин қазияи пурсарусадо, ки ду рӯз боз ба мавзӯи №1 дар сегменти тоҷикии шабакаҳои интернетӣ табдил ёфтааст, хабар дод.

Додситонии кул гуфта буд, ки санҷиши додситонии ҳарбӣ муайн кардааст, ки ҳодиса 15 декабри соли 2022 рух дод,  “хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сержант Қосимзода Ҷонибек Абдулаҳад аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ қаториҳо Азимов Фахриддин Бахтиёрович, Камолов Аъзам Шарифхонович, Нозимов Маҳмадназар Бузургович ва Сайфуллоев Ҳоҷиакбар Ҳакимович қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бар хилофи талаботҳои Оинномаи интизомӣ ва Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карданд. Онҳо бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров Меҳмонҷон Субҳонқулович, қаториҳо Чориев Бекзод Тоирович, Каримзода Замир Рустам, Амиров Некруз Файзуллоевич ва Мусоев Алишер Тошбоевичро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, дарди ҷисмонӣ ба саломатиашон расониданд”.

Вобаста ба ин ҳодиса прокурори ҳарбии гарнизони Суғд рӯзи 24 апрели соли 2023 бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “б,в” (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо нисбати ду ва зиёда ашхос; аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ)  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карбда, гҳамаи 5 сарбози гумонбаршударо ба ҳабс гирифтаанд. Бар асоси қисми дуюми моддаи 373 акнун ба ин 5 сарбози “буққа” ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Рӯзи 24 апрели соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду видеои даҳшатбори латтукӯби бераҳмонаи наваскарон аз ҷониби сарбозони собиқадор нашр шуд. Дар видеоҳо дида мешуд, ки кӯҳнасарбозон навсарбозонро аввал як як ба назди худ мехонанд ва бо як тахта ба ҷои нарми бадани ҳар кадомаш мезананд. Сипас наваскаронро қатор мекунанд ва аввал яке аз кӯҳнасарбозон аз паҳлуи ҳар кадомаш гузашта,  ҳар наваскарро дар бари рӯяш бо тамоми қувват чанд шаппотӣ зада, мегузарад. Ба дунболи ӯ, аз паҳлуи қатори наваскарон кӯҳнасарбози дуюм як тахта дар даст рад мешавад ва ӯ ҳам ҳар наваскарро дар болои сараш бо тахта бо тамоми қувват чанд зарба мезанад.

Ҳанӯз ин ду кӯҳнасарбоз кори худро тамом накарда, кӯҳнасарбози сеюм ба ин маъракаи “дарси адаб” додани наваскарон ҳамроҳ мешавад ва яке аз наваскаронро маҷбур мекунад, ки дар рӯи фарш рӯи ду дасташ дар ҳолати нимхоб биистад. Ӯ дар ҳамин ҳолат он наваскари бечораро бо тамоми қувват ба қисмати шикамаш беист шаттаборон мекунад.

Дар навор дида мешуд, ки наваскарони бечора аз ин ки ба чунин як “қассобхона” афтодаанд, сахт тарсидаанд ва ягон нафараш ҳатто ҷуръати муқобилият нишон додан намекунад.

Ин видео дар ҳоле нашр шуд, ки дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад. Ин мавсим 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад.

Наворҳои нашршуда хашми корбаронро барангехтааст ва бисёриҳо аз мақомоти ҷумҳурӣ талаб карданд, то ин “қассобҳо” дар либоси сарбозиро пайдо карда, ба сахттарин муҷозот бикашанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадпури Ҳамадонӣ гуяд:

    Вазири дифоъи кишвар бояд истеъфо диҳад. Писарбаччаҳои халқи тоҷик “пашша” нестанд, ки ҳар касу нокас латукӯбашон кунад. Меҳри ватан бо «дедовщина» ташаккул намеёбад. Ин мушкили бунёдиро аз реша бояд барканему барчинем!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button