ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодиса

АЗ МАРГИ ФАРЗАНДОНАШ ХАБАР НАДОШТ… МОДАРИ ХУШНУДУ ШЕРАФКАН ҲАМ АЗ ДУНЁ РАФТ

Шарипова Роҳила, сокини деҳаи Некноти ҷамоати Рӯдакӣ, рӯзи 24 апрели соли 2023 дар бемористони шаҳри Панҷакент аз олам чашм пӯшид ва ба гуфтаи наздикон, ба пеши ду фарзанди 9 рӯз пештар ғӯррамаргшудааш рафт. Шарипова Роҳила ҳамроҳи духтари 13-солааш рӯзи 15 апрел дар ҳолати вазнин дар шуъбаи реаниматсия бистарӣ шуда буд, вале табибон натавонистанд ин модарро аз чанги марг наҷот диҳанд. Ҳолати духтари ӯ ҳамоно вазнин арзёбӣ мешавад.

Сокинони Некнот мегӯянд, ки Шарипова Роҳила то дами марг аз вафоти ду ҷигарбандаш хабар надошт ва шояд дар дилаш ин умед, ки онҳо зиндаанд, аз дори дунё рафт.

Фоҷиа дар ин хонаводаи сокини Некнот рӯзи 15 апрел дар рӯзи таҷлили зодрӯзи яке аз фарзандон рух дод. Аҳли хонавода аз истеъмоли хӯриш ё салати консервашуда заҳролуд шуданд ва дар натиҷа ду фарзанди 12 ва 9-солаи ин оила ҳамон рӯз ҷон бохтанд ва модарро ҳамроҳи духтари 13-солааш аз Некнот ба бемористони шаҳри Панҷакент бурданд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, аҳли ин хонавода баъди хӯрдани “консерва”-и помидор, ки бо сирко омода шуда буд, заҳролуд, яъне гирифтори ботулизм шудаанд.

Ин ягона ҳодисаи марги шаҳрвандон аз истеъмоли хӯришҳои дар шароити хона тайёршуда нест.

11 ноябри соли 2022 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз истеъмоли чунин консерваи худсохти иборат аз помидору боимҷон ва булғорӣ 8 узви як хонаводаи Каримовҳо заҳролуд шуда, ду нафари онҳо рхзи 23 ноябр дар бемористон фавтиданд, Гуфта мешуд, занҳои ин хонавода 30 қуттӣ чунин консерва омода карда буданд. 29 қуттии онро аҳли хонавода қаблан бидуни ягон мушкил истеъмол кардаанд, вале қуттии охирин боиси чунин мусибат дар ин оила шудааст.

Моҳи августи соли 2019 аз истеъмоли консерва дар деҳаи Пистамазор дар канори шаҳри Кӯлоб як зан бо се фарзандаш заҳролуд шуданд ва мутаассифона, як писару як духтари ӯ, ки 16 ва 19 сол доштанд, ҷон бохтанд. Соли 2017 дар ноҳияи Хуросон 6 узви як оила аз истеъмоли консерваи дастисохт заҳролуд шуда буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button