ВидеоҶомеа

5 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ БЛОГЕРИ БАДДАҲОН МОҲИРА АЛИЕВА БАРОИ … ИТОАТ НАКАРДАН БА МИЛИТСИЯ

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 24 апрели соли 2023 хабар дод, ки як блогер бо номи Моҳира Алиеваро, ки дар Интернет баддаҳонӣ мекард, дастгир ва бо ҷурми итоат накардан ба амри кормандони милитсия барои 5 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Милитсияи пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи пешрафту тараққиёти рӯзафзуни технологияҳои иттилоотӣ, истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ низ афзун гаштааст. Дар ин замина шаҳрвандонро мебояд дар баробари мақсадноку оқилона истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамзамон дар хотир дошта бошанд, ки ҳар навору матни нашрнамуда метавонад боиси ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани онҳо гардад.

Милитсия афзуд: “Гарчанде қаблан чандин маротиба аз ҷониби кормандони милитсия нафароне, ки бо мақсади зиёд намудани обуначиёни худ тавассути интернет наворҳои ғайриахлоқӣ паҳн мекарданд ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида бошанд ҳам, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки  ҳанӯз ҳам бархе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба чунин амали номатлуб мезананд. Дар натиҷаи баррасии шикоятҳои шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Алиева Моҳира Абдуллоевна, санаи таваллудаш 22.03.2000, зодаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, деҳаи Тагоб, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Бухоро дастгир карда шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда ба таври ҳамешагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо алфози қабеҳ навор паҳн намуда, боиси коста гардидани ахлоқи ҷомеа мегардад. Гарчанде қаблан чандин маротиба барои чунин амалҳои ғайриахлоқӣ ва паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ огоҳонида шуда бошад ҳам вале ин амали худро идома додаст, ки ин навбат боиси ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани номбурда гардид”.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Алиева Моҳира барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд. Додгоҳ дар навбати худ нисбат ба блогер ҷазо дар намудани ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5  шабонарӯз татбиқ намуд.

Худи Моҳира Алиева, ки дар ҳабс қарор дорад, барои шарҳи қазия дастрас нест.

Қаблан, дар моҳҳои ноябр ва декабри соли 2022 видеоҳои чанд блогеру овозхон ва раққосаҳо нашр шуд, ки мегуфтанд, баъди “суҳбат” бо мақомоти милитсия тасмим гирифтанд, ки сару либос ва рафтору гуфтори худро дар саҳна ва дар видеоҳо дуруст карда, “ба анъанаҳои миллии мардуми тоҷик мувофиқ гардонанд”. Ҳамин тавр, моҳи ноябри соли 2022 як духтари блогер бо номи Фотима Ашӯрова (тахаллусаш Сникерс), ки дар видеоҳояш аз алфози қабеҳ зиёд истифода мебурд, аз ҷониби милитсияи Душанбе дастгир ва ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Академик Холмуҳаммадзода Ҳасан Абдуғаффори Ҳамадонӣ гуяд:

    Ҷазои “воҳиманок”-и баддаҳонӣ ва бадахлоқӣ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ, аммо ҷазои Далери Имомалӣ, ки фақат барои боз кардани “даҳон”-аш ҳабс шуд, 5-6 сол!
    Бинозам ба адолати судӣ!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button