ВидеоНомаҳо ба президентҲуқуқи инсон

ВИДЕО +18: “ҚАССОБХОНА” ДАР АРТИШ. НАВОРИ ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНАИ НАВАСКАРОН

Рӯзи 24 апрели соли 2023 дар шабакаҳои иҷтимоӣ ду видеои даҳшатбори латтукӯби бераҳмонаи наваскарон аз ҷониби сарбозони собиқадор нашр шуд. Замон ва макони сабти ин видео маълум нест, вале дар он чӣ тарафи золим: онҳое ки наваскаронро зери мушту лагат мегиранд ва ва чӣ тарафи мазлум, яъне наваскарони бечора, ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананд,

Дар видеоҳо дида мешавад, ки кӯҳнасарбозон навсарбозонро аввал як як ба назди худ мехонанд ва бо як тахта ба ҷои нарми бадани ҳар кадомаш мезананд. Сипас наваскаронро қатор мекунанд ва аввал яке аз кӯҳнасарбозон аз паҳлуи ҳар кадомаш гузашта,  ҳар наваскарро дар бари рӯяш бо тамоми қувват чанд шаппотӣ зада, мегузарад. Ба дунболи ӯ, аз паҳлуи қатори наваскарон кӯҳнасарбози дуюм як тахта дар даст рад мешавад ва ӯ ҳам ҳар наваскарро дар болои сараш бо тахта бо тамоми қувват чанд зарба мезанад.

Ҳанӯз ин ду кӯҳнасарбоз кори худро тамом накарда, кӯҳнасарбози сеюм ба ин маъракаи “дарси адаб” додани наваскарон ҳамроҳ мешавад ва яке аз наваскаронро маҷбур мекунад, ки дар рӯи фарш рӯи ду дасташ дар ҳолати нимхоб биистад. Ӯ дар ҳамин ҳолат он наваскари бечораро бо тамоми қувват ба қисмати шикамаш беист шаттаборон мекунад.

Дар навор дида мешавад, ки наваскарони бечора аз ин ки ба чунин як “қассобхона” афтодаанд, сахт тарсидаанд ва ягон нафараш ҳатто ҷуръати муқобилият нишон додан намекунад.

Ин видео дар ҳоле нашр шуд, ки дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ идома дорад. Ин мавсим 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад.

Мақомоти вазорати мудофиа, қӯшунҳои марзбонӣ, қӯшунҳои дохила ва дигар бахшҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то кунун ин видеоҳоро шарҳ надодаанд. Вале наворҳои нашршуда хашми корбаронро барангехтааст ва бисёриҳо аз мақомоти ҳарбии ҷумҳурӣ талаб кардаанд, то ин “қассобҳо” дар либоси сарбозиро пайдо карда, ба сахттарин муҷозот бикашанд.

Аз ҷумла журналист Ёкуб Халимов навиштааст: Ин наворро чӣ гуна мешавад шарҳу тафсир кард? Сӣ сол аз таъсиси Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мегузарад, сӣ сол шиканҷаву озори сарбозон аз байн намеравад. Ман итминон дорам, ҳоло тамоми талош барои пайдо кардану ҷазо додани сабткунандаву паҳнкунандаи навор харҷ мешавад; агар шиканҷакунандаҳо ҷазое ҳам бинанд, расонаӣ намегардад.  Бо ин ҳол ҷавононро ба тарсӯиву беномусӣ айбдор мекунем. Шармовар аст… Агар сарбоз дар сангари ҳифзи ватан шиканҷа бинад, кушта шавад ифтихор аст. Аммо ин ҳолат ва ҳамаи ҳолатҳои дигаре ки пинҳон мемонанд, танҳо ва танҳо нанговаранд”.

Умари Пулод ҳам менависад:

#_ИНҲО_КИ_ҲАСТАНД_КИ_НОМИ__ВАЗОРАТИ__МУДОФИРО__ПАСТУ__ДИЛИ_ҶАВОНОНРО_АЗ__ХИЗМАТ_МЕМОНАНД

Ҳамин навор дар тамоми шабакаҳои интернетӣ дида мешавад ва инҷо як чанд савол ба миён меояд :

1) Инҳо киҳо ҳастанд, ки номи Вазорати Мудофиа ва имиҷи хизматро паст мезананд ? Дар ҳол бояд дастгир карда шаванд.

2) Инҷо маълум кардан дар кор ки ин кори кист ва дар ташкил ва паст задани хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ киҳо даст доранд.

Ва як чанд саволҳои дигар аст ва ин ҷиноят низ ҳисоб мешавад бояд дарҳол дастгир ва ба ҷазо кашида шаванд боз мақомоти қудратӣ хубтар медонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Академик Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Хизмати аскарӣ-мактаби “мардонагӣ” ё “номардӣ”?
    Суди ҳарбӣ ин “номардӣ”-ро таҳқиқ кунед, беадабонро муҷозот диҳед, вагарна ба суди байналмилалии гаага мекашем!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button