ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ТАФСИЛОТИ ҲАЛОКАТИ ПИСАРИ ДОДРАСИ ДОДГОҲИ ҚОНУНИ АСОСӢ ДАР ЯК САДАМА ДАР ПОЙТАХТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 24 апрели соли 2022 бархе тафсилоти садамаи шаби 22 апрел дар маркази Душанберо, ки дар он ду нафар, аз ҷумла Парвиз Шарифзода, устоди сисолаи Академияи хидмати давлатӣ ва писари додраси Додгоҳи Қонуни асосӣ Асрор  Шарифзода ба ҳалокат расид, нашр кард.   Парвиз Шарифзода ва хешованди ҳалокшудааш Илҳом Баротовро рӯзи 23 апрел дар зодгоҳашон, ноҳияи Варзоб ба хок супурданд.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 22-юми апрели соли 2023, тахминан соати 21:15, ронандаи мошини тамғаи «Тойота Кемри», Тӯраев Абӯбакр Ҳасанович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Сомонии шаҳри Душанбе аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Сино, дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи марказӣ, ба самти муқобили ҳаракат баромада,  бо мошини тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи ронанда Шарифзода Парвизи Асрор, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри мазкур, ки бо роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел- Вектра» Шарифзода П. ва мусофири он Баротов Илҳом, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Варзоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.
Мусофирони дигари “Опел” ноболиғон: Баротова Фотима Илҳомовна, соли таваллудаш 2017 ва Баротов Азиз Равшанович, соли таваллудаш 2010, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Инчунин ронандаи «Тойота Кемри» Тӯраев А. ва мусофираш Узоқова Амина Баҳромовна, соли таваллудаш 2004, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Бино ба иттилои радиои Озодӣ, Абӯбакр Тӯраев писари як соҳибкор будааст.
ВКД гуфт, оид ба ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Парвиз Шарифзода

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button