ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР КӮЧАИ ИСПЕЧАКИ ДУШАНБЕ НОБОЛИҒИ 14-СОЛА МАРДИ 42-СОЛАРО КОРД ЗАДААСТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 24.04.2023

Бо корд захмӣ гардидани марди 42-сола аз ҷониби ноболиғи 14-сола

057

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 22-юми апрели соли 2023, тахминан соати 01:00, ҳангоми дар кӯчаи Испечаки пойтахт қарор доштанаш, бе ягон асос бо марди 42-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1 маротиба ба шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҷиноятҳои дуздӣ

021.jpg

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 14-уми апрели соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи тамғаи «Лексус ЭС»-ро шикаста аз онҷо 13 ҳазору 450 сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 18 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 21-уми апрели соли 2023, тахминан соати 14:30-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 33-солаи сокини ноҳияи Спитамен даромада, аз он ҷо 4 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдори қаллобии марди 47-сола

087

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 65-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2016, дар кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ маротибаи аввал 1 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ бармегардонад, аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда, маротибаи 2-юм аз ҷабрдида 18 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button