ВидеоҶомеа

ОВЕХТАНИ РӮЙХАТТИ 160 ҶАВОНИ ХИДМАТГУРЕЗ ДАР ДАРВОЗАИ БОЗОРИ МАРКАЗИИ МАСТЧОҲ

Дар шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон мақомот дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бозори марказии ин ноҳия ва пушти дари масҷидҳо, рӯйхатти 160 ҷавони даъватшавандаро, ки ба гуфтаи масъулон, ба ҳар роҳу восита аз рафтан ба хидмат саркашӣ мекунанд, овезон кардаанд.

Дар  ин бора ҳафтаи гузашта, рӯзи 20 апрели соли 2023 ҳафтаномаи маҳаллии “Машъал” дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, вале дар пайи мавҷи вокунишҳо, ки ин хабар ба бор овард, ин матлаб аз саҳифаи “Машъал” ба сурати ногаҳонӣ “гум” шуд.

Дар матлаби нашрияи маҳаллӣ бо такя ба баёнияи мақомоти шаҳраки Бӯстон гуфта мешуд, ки “дар рӯйхат асосан даъватшавандагоне дарҷ гардидаанд, ки падаронашон омӯзгор ё дар гузашта шахси мансабдори давлатӣ буданд. Зимни даъвати шаҳрвандон аксари падару модарон бо ҳар баҳонае аз гирифтани даъватномаи фарзандонашон саркашӣ менамоянд”.

Мақомоти шаҳрак ҳамчунин гуфтаанд, ки “падару модарони онҳо уҳдадориашонро дар назди қонун иҷро наменамоянд ва гурез аз хизмати ҳарбӣ ба шаъни ҷавонписарон низ намезебад ва ин рафтори онҳо мояи бенангист”.

Бино ба иттилои “Машъал”, ахиран дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия прокурори ноҳияи Мастчоҳ аз рафти иҷрои даъват ба хидмати ҳарбӣ шадидан интиқод карда, гуфтааст, “фаъолияти комиссияи даъвати ноҳиявӣ чандон қонеъкунанда нест”.

Тибқи маълумоти “Машъал”,  дар ҳоли ҳозир дар 6 ҷамоати ноҳияи Мастчоҳ бо сабаби набудани мутахассис мизҳои ҳарбӣ фаъолият намекунанд. Ин вазифа дар рӯзҳои маъракаи даъват ба зиммаи худи раиси ҷамоат ва ё муовини раиси ҷамоат вогузор мешавад.

Дар гузашта мавридҳое мушоҳида шуда буд, ки мақомоти маҳаллӣ рӯйхатти ҷавонони синну соли даъватиро ба фурудгоҳҳо мефиристоданд, то аз рафтани онҳо ба муҳоҷират пешгирӣ шавад. Вале дар маконҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бозору масҷидҳо овезон кардани рӯйхатти ҷавонони хидматгурез ба сари худ бесобиқа аст.

Ин иқдом дар ҳолест, ки дар ин шабурӯз мавсими баҳории даъват ба саффи артиши Тоҷикистон идома дорад. Ин маърака 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки тайи 10 рӯзи аввали даъвати баҳорӣ нақшаи даъват алакай 40% иҷро шудааст.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябру ноябр сурат мегирад. Ҳар сол Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тақрибан ба 15 ило 16 ҳазор навсарбоз эҳтиёҷ доранд. Аммо бо онки дар Тоҷикистон тақрибан 700 ҳазор ҷавонони синну соли даъватӣ ба сар мебаранд, комиссариатҳои ҳарбӣ дар ҳар мавсим дар иҷрои нақшаи даъват мушкил мекашанд.

 Ба ин сабаб, ҳар мавсими даъват дар ҷумҳурӣ ҳамроҳ бо шикоятҳои зиёд дар бораи “облава”, яъне маҷбуран дар кӯчаю бозор ё аз хонаву ҷои дарсу корашон дошта, ба хидмат бурдани ҷавонон ҷараён мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button