ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ РАИСИ ЯК КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТӢ ДАР ТУРСУНЗОДА БАРОИ ҚАЛЛОБӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 20.04.2023

Оғоз гардидани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ду нафар барои қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 62-солаи сокини шаҳри Турсунзода, соли 2014 ба ҳайси роҳбари кооперативи тиҷоратии ба номи “Азамат-Н” кору фаъолият намуда, бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ ба маблағи 3 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст. Номбурда ба ҷабрдида ваъда додааст, ки ширкати кооперативӣ-тиҷоратии мазкурро ба номаш мегузаронад, аммо маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, ӯро фиреб дода гаштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуриии Тоҷикистон нисбати ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд оғоз карда шудааст.
Номбурда, аз 27-уми феврали соли 2023 то 4-уми апрели соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 3-адад автомашинаи тамғаҳои «БМВ-Х6», «Опел-Зафира» ва «Опел-Астра»-ро ба маблағи 255 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ҳамчун насия гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда моҳи феврали соли 2023, ба боварии ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Зафаробод даромада, аз ӯ 60 ҳазору 130 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button