ВидеоДин ва боварҳоТоҷикистонҲуқуқи инсон

САЛАФӢ БУД ВА ВИДЕОҲОИ ОППОЗИТСИЯРО ТАМОШО МЕКАРД… ШАРҲИ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ДОМУЛЛО АБДУЛҲАННОН АЗ СӮИ ДОДСИТОНИИ ХАТЛОН

Додситонии вилояти Хатлон гуфт, шаҳрванд Усмонов Абдуҳаннон Бурҳонович, соли таваллудаш 1972, зодаи ноҳияи Кӯшониён, бо ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон бар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2 (иштирок дар фаъолияти созмони мамнӯъ) ва  моддаи 164 (монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор  дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоӣ ба муҳлати 6 сол маҳрум намудан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар маҳбаси низомаш пурзӯр таъин карда  шудааст. Моддаи 307, иловаи 3, қисми 2 ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон ва моддаи 164 то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Ба гуфтаи додситонӣ, Абдуҳаннон Усмонов оид ба равияи динии “Салафия” (дар Тоҷикистон манъ аст) маълумот пайдо намуда, онро дуруст пиндошта ва тарзи намозгузорияшро мисли тарафдорони равияи мазкур адо мекардааст.  Аммо додситонӣ шарҳ надодаст, ки чӣ гуна Домулло Абдулҳаннон бо адои намозҳояш бо шеваи хоси салафиҳо чандин сол имоми масҷиди деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён буд ва намозҳои мардумро имоматӣ мекард?

Ёвари аршади додситони вилояти Хатлон Варқа Зайниддин ба рӯзномаи “Хатлон”, нашрияи расмии ҳукумати ин вилоят, гуфтааст, Абдуҳаннон Усмонов ҳамзамон дар сомонаҳои интернетӣ воизони созмонҳои экстремистӣ -террористиро пайваста тамошо намуда, ба онҳо ҳамақидагӣ нишон додааст.

“Ӯ 16 майи соли 2022 дар шабакаи иҷтимоӣ бо номи мустаор ба худ саҳифаи алоҳида кушода, мунтазам нашру видеонаворҳои хусусияти экстремистӣ доштаро дар саҳифаи интернетиаш ҷой медодааст. Абдуҳаннон Усмонов, ки маълумоти динӣ надорад, ин маводро ба дигар шаҳрвандон паҳн карда, бо ин роҳ ба фаъолияти ин ташкилоти мамнуъ мусоидат намудааст”, – гуфтааст Варқа Зайниддин.

Ҳамзамон, ба иттилои ёвари аршади додситони Хатлон, домулло Абдуҳаннон 15 январи соли 2023, соати 13:30, дар ноҳияи Кӯшониён “дар маъракаи тўйи домодии фарзанди бародараш Усмонов Абубакр Маннонович аз рӯйи ақидаҳои экстремистиаш баргузории базму мусиқиро дар тўй ҳаром шуморида, асбоби садобаландкунандаи сарояндаро чаппа намуда, рафти баргузории тӯйро пурра манъ кардааст”.

Ҳамчунин, ба гуфтаи намояндаи додситонӣ, ин рӯҳонӣ бар хилофи талаботи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он ҳар як шахс ҳуқуқ ба таҳсил дорад, амал намуда, барои гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосии духтараш Самиева Манижа, валодаташ соли 2007 монеа эҷод кардааст. Манижа дар солҳои хониши 2014-2015 бояд ба синфи якум мерафт. Падараш ӯро ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ  набурда, аз таҳсил дур намудааст.

“Дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии Усмонов А. Б. ноболиғ Самиева М. аз лаҳзаи ба синни мактабӣ расидан то инҷониб ягон маротиба ба муассисаи таълимӣ нарафта, таҳсилоти умумии  ҳатмӣ нагирифта, дар ягон дарс иштирок накардааст”, – гуфтааст ёвари прокурори вилоят.

Худи домулло Абдулҳаннон Усмонов ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале Саидҷаббор Алиев, адвокати зоҳиран аз тарафи давлат таъйиншудаи Абдулҳаннон Усмонов рӯзи 14 апрели соли 2023 ба Радиои Озодӣ  низ гуфтааст, ки ин рӯҳонӣ на барои вайрон кардани тӯйи бародарзодааш, балки барои тамошо ва паҳн кардани  “наворҳои вобаста ба Паймони миллӣ” маҳкум ба зиндон шудааст. Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи 4 созмони мухолифони тоҷик, соли 2018  дар Аврупо таъсис ёфта, алакай соли 2019 дар Тоҷикистон ҳамчун созмони ифротӣ фаъолиятааш манъ карда шудааст.

Саидҷаббор Алиев гуфт: “Дар Ютуб ба номи “Мулло Абдулло” сабтином шуда, пайваста наворҳои Паймони миллиро тамошо ва паҳн кардааст. Як тӯй нест. Агар як тӯй мебуд, бале, мегуфтам, ҳукм нодуруст аст. Он вақт танҳо ҳаракати майдаавбошӣ мешуд, вале ӯ наворҳои мамнуъро дидаву паҳн кардааст.”

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадиқболи Садриддин, сардабири сомонаи ба мухолифин наздики “Ислоҳ” рӯзи 14 апрел дар як матлаб дар Фейсбук навишт, ба иттилои ӯ,  кормандони мақомот телефони домулло Абдулҳаннонро аз дасташ гирифта, аз номи ӯ видеоҳои оппозитсиониро лайк гузоштаву паҳн кардаанд ва сипас бар асоси ин ба зидди ӯ парванда бофтаанд.

Бархе корбарон ҳам дар пайи шарҳи додситонии вилояти Хатлон бо танз навиштаанд, ки фақат мурдаи Ленинро ба гардани ин домулло бор накардаанду халос….

ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 январи соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” боздошт ва муҷозоти сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ва имомхатиби масҷиди ин минтақа Абдулҳаннон Усмоновро барои бо суханони таҳқиромез вайрон кардани як тӯйи домодӣ тасдиқ кард ва бидуни ироаи ҷузъиёт танҳо гуфт, ки нисбат ба Абдулҳаннон Усмонов барои маҳдуд кардани ҳуқуқи бародарзодааш Абубакр Усмонов ва намоиши беэҳтиромӣ нисбат ба ҷомиа аз ҷониби РВКД вилояти Хатлон “чораҳои маъмурӣ андешида шуд”. Вале ВКД мушаххас накард, ки Абдулҳаннон Усмоновро ҷарима бастаанд ваё ба ҳабси маъмурӣ андохтаанд.

ВКД мегӯяд, дар рафти тафтиш маълум шуд, ки Абдулҳаннон Усмонов, сокини ҷамоати Меҳнатобод ва имомхатиби масҷиди ин минтақа, вақте мешунавад, ки аз хонаи бародараш Абдулманнон Усмонов садои мусиқӣ ва базми тӯёна меояд, дар ғазаб шуда, ба хонаи бародараш меравад ва домод писари бародараш Абубакр Усмоновро барои даъвати навозандагон ва ташкили рақсу бозӣ дар тӯйи домодиаш зери борони таҳқиру дашном қарор дода, ҳамин гуна бо лаҳни дурушту пурдашном меҳмонони тӯйро, ки 60 то 70 нафар буданд, аз хонаи тӯйдор пеш кардааст.  Абдулҳаннон Усмонов дар баёноташ гуфтааст, ки аз пеш писари бародарашро огоҳ карда буд, ки тӯяшро бидуни мусиқию рақсу бозӣ, дар чорчӯби тӯйи исломӣ барпо кунад, вале домод ба ин таъкиди ӯ гӯш надодааст. Абдулҳаннон Усмонов аз ин амали бародарзодааш ба ғазаб омада, худро идора карда натавонистааст ва базми тӯёнаро вайрон кардааст.

Абдулҳаннон Усмонов дар гузориши ВКД  гуфт: “Дар ҳақиқат, асабонӣ шудем. Бахшиш мепурсем. Як хато кардем. Умед аст, ки хатои мо ислоҳ мешавад”.

Видеои ин тӯйи ҷанҷолӣ дар деҳаи Коминтерн дар Интернет баҳсҳои гармеро байни корбарони тоҷик ба по кард. Бархе дар зери ин видео навиштанд, ки ин мард ҳамчун як нафари мазҳабӣ намехост, ки тӯяшон бо рақсу мусиқӣ гузарад ва зану мард дар тӯйхона якҷо бошанд. Гуруҳи дигар бар инанд, ки  Тоҷикистон як давлати дунявист ваманъкуниии рақсу мусиқӣ дар тӯю хурсандӣ бо чунин шеваи дурушт бӯи Толибон мекунад.

Аммо аксарият аз шеваи гуфтори домулло Абдулҳаннон интиқод мекунанд ва менависанд, ки ӯ ба унвони як ходими динӣ набояд чунин вожаҳои дурушту таҳқиромезро ба забон меовард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button