ВидеоҚиссаҳои муҳоҷиронМуҳоҷиронҲодиса

ЯК МАРДИ ТОҶИКИ БАДРАШК БА ҚАЗОН РАФТА, ОШИҚИ ЗАНАШРО БО ШВАБРА ТАҶОВУЗ КАРДААСТ

Телеграм-канали Маш Ипташ  рӯзи 12 апрели соли 2023 дар бораи як ҳодисаи ғайроддиии интиқомгирӣ аз ғояти рашк хабар дод.  Бино ба иттилои ин нашрия, як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Мадамид Баёнов аз хиёнатҳои ҳамсараш хабар ёфта, ба шаҳри Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия омадааст ва марди ошиқи занашро пайдо кардааст ва ӯро ҳамроҳи рафиқонаш ба як манзили иҷора бурда, аввал худаш ва сипас бо швабра (чӯбдастаи полшӯяк) таҷовуз кардааст ва  ин ҳамаро видео гирифта, дар охир аз ҷабрдида дар ивази дар ягон ҷо нашр накардани ин видеои сабткардаашон 10 ҳазор доллар талаб кардааст.

 “Шавҳари бадрашк  марди ошқи ҳамсарашро дар Қазон пайдо карда, аз Тоҷикистон ба инҷо ба пеши ӯ омада, ӯро латтукӯб ва таҷовуз кардааст— аввал худаш, сипас бо швабра. Ҳамроҳи дӯстонаш ӯ сокини Қазонро рабуда, ба як хона бурдааст. Баъди расидан ба номусаш аз вай барои нашр накардани видеои сабткардаашон 10 ҳазор талаб кардааст. Вале ин навор дар ниҳоят ба маводи парванда роҳ ёфт. Мадамин Баёновро акнун сазои амалаш бар асоси якбора се модда мунтазир аст — барои одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ ва ҳаракатҳои шаҳвонии зӯроварона”, – хабар додаст канали Маш Ипташ.

Бино ба ин манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистонро алакай дастгир кардаанд. Ба Мадамид Баёнов барои тамаъҷӯӣ бо истифодаи зӯроварӣ  бар асоси қисми сеюми моддаи 163 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун ҷазо аз 7 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Ӯро барои одамрабоӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 126 метавонанд ба муҳлати аз 7 то 12 сол ва барои зӯроварии ҷинст бар асоси қисми дуюми моддаи 132 ба муҳлати аз 4 то 10 сол маҳкум ба зиндон кунанд.

Тафсилоти дигари ин ҳодиса маълум нест. Худи Мадамид Баёнов ё наздиконаш ва ҳамин тавр, ҷабрдида барои шарҳи моҷаро дастрас нестанд.  Шахсияти ҷабрдида зоҳиран ба далелҳои ахлоқӣ  ошкор карда нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button