ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ ДУЧАРХАРОНИ НОБОЛИҒ ВА МӮСАФЕДИ ПИЁДАГАРД ДАР КӮШОНИЁНУ ХУРОСОН ВА ХУҶАНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 10 ва 11 апрели соли 2023, дар се садамаи нақлиётӣ дар  роҳҳои ҷумҳурӣ: дар ноҳияҳои КӯшониёнуХуросон дар ҷануби кишвар ва дар шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон ду дучархарони ноболиғ ва як марди 68-солаи пиёдагардҷон додаанд.  

Аз ҷумла, 11-уми апрели соли 2023, тахминан соати 16:30, ронандаи мошини тамғаи “Ҳундай Портер”, Сатторов Абдулло Сайфуддинович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ Махсумов Нусратулло Насимҷонович, соли таваллудаш 2016, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Махсумов Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Инчунин, 10-уми апрели соли 2023, тахминан соати 18:30а, ронандаи мошини тамғаи “Тойота Авенсис”, Абдуллоев Нурмуҳаммад Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Қизил-Қалъа ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон қоидаи бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, дучархарони ноболиғ Холов Шаҳбоз Тоҷиддинович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Холов Ш.Т. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 10-уми апрели соли 2023, тахминан соати 16:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Аминҷонов Юсуфҷон Раҳимҷонович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Латипов Абдулҳаким Абдулатифович, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Бӯстонро, ки аз тарафи рост ба чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Латипов А.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, 1217 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button