ТоҷикистонҶомеа

КУШТОРИ ЗАНУ ШАВҲАРИ СОБИҚ ДАР ҶАРАЁНИ МУНОҚИШАИ ОИЛАВӢ ДАР БАЛҶУВОН

Рӯзи 6 апрели соли 2023 дар ҷараёни як муноқишаи оилавӣ дар ноҳияи Балҷувон дар ҷануби Тоҷикистон зану шавҳари собиқ кушта шуданд: аввал шавҳар ҳамсарашро корд задааст ва сипас додари ноболиғи зани ҷабрдида ба нишони интиқом язнаи собиқашро куштааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 8 апрел бо нашри бархе тафсилоти ин ҳодисаи хунин гуфт, 6-уми апрели соли 2023, тахминан соати 17:00, марди 39-солаи сокини ноҳияи Восеъ, ба хонаи истиқоматии собиқ ҳамсараш, ҷавонзани 25-солаи сокини ноҳияи Балҷувон, омада, аз ӯ хостааст, ки бо якдигар аз нав зиндагонии якҷояашонро давом диҳанд. Аммо ҳамсари собиқи ӯ ин хоҳишро рад кардааст. Дар пайи ин, марди ба хашм омада, қасдан бо корди хоҷагии дар дасташ буда ба узвҳои бадани собиқ ҳамсараш якчанд маротиба зарба задааст.
Дар ин ҳолат дар ҷойи ҳодиса бародари собиқ ҳамсараш, ноболиғи 17-сола ҳозир шуда, мебинад, ки апааш дар назди собиқ шавҳараш бо ҷароҳатҳои ҷисмонии буранда ва халанда дар ҳолати вазнин қарор дорад. Наврас аз ин ба ғазаб омада, аз назди сокини Восеъ корди хоҷагиро гирифтааст ва  ба узвҳои ҳаётан муҳими язнаи собиқаш якчанд маротиба зада, ба ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии ба ҳаёташ хафвнок расондааст.

Ҳангоми ба беморхона дастрас намудани захмиён,  ҷавонзан дар роҳ ба ҳалокат расида,  шавҳари собиқи ӯ дар беморхона ҷон додааст.

ВКД гуфт, нисбат ба ноболиғи 17-сола бар асоси моддаи 104, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ин банди қонун барои одамкушӣ то 15 соли зиндонро ҳамчун ҷазо пешбинӣ мекунад, вале ҷазодиҳии ноболиғон аз калонсолон фарқ мекунад ва нисбатан сабуктар (ҳадди аксар 10 сол) аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button