ТоҷикистонХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР АЗ РАЪДУ БАРҚ, БОРОНУ ЖОЛАВУ СЕЛ ВА ЯРЧУ ТАРМА ДАР ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  рӯзи 8 апрели соли 2023 бо нашри як ҳушдор бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 10-11-уми апрел дар қаламрави кишвар обуҳавои номусоид пешбинӣ карда мешавад.

Чунончӣ, Давоми рӯзи 10 апрел ва шаби 11 апрел дар як қатор навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои кӯҳдомани вилояти Хатлон раъду барқу жола пешбинӣ карда мешавад. Аз 8 то 12 апрел ба далели идомаи боришот дар бархе навоҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин дар ғарби ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.

Рӯзҳои 10-12 апрел болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, мушоҳида хоҳад шуд, ҳамчунин лағзиши тарма, ярч, резиши санг эҳтимол дорад. 

Дар ҳамин иртибот Кумита  маслиҳат намедонад, ки дар чунин рӯзҳо одамон дар соҳилҳои махзанҳои об, бахусус, кӯлу дарёҳо гардиш кунанд. Бахусус сайёҳонро лозим аст дар чунин рӯзҳо самтҳои ҳаракати худро тағйир диҳанд.  

Кумита ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, телефонҳои мобилии худро ҳамеша омода дошта бошанд, дорухонаи хонаводагиро аз назар гузаронанд ва барои эҳтиёт онро бо доруҳои ниёзи аввал ғанӣ гардонанд.  Барои эҳтиёт воситаҳои зарурии рӯшноидиҳанда ва гармидиҳандаро ҳам фароҳам оранд.

Аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад зиёда эҳтиёткору бадиққат бошанд. Бахусус, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо ба ронандагон лозим меояд ҷиддан қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст.

Рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ғунучини занбӯруғу гиёҳони шифобахш низ маслиҳат нест.

Ба аҳолӣ тавсия дода мешавад, ки сари вақт ҷӯйборҳо ва каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок пок созанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button