ВидеоКоррупсия

КОРМАНДИ МБТИ ИСТАРАВШАН АЗ ЯК КОРАФТОДА 33 ҲАЗОР СОМОНӢ ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 3 апрели соли 2023 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи ҷиноятии зидди Музаффар Пулотов, корманди МБТИ шаҳри Истаравшан хабар дод.

Бино ба иттилоияи маркази матбуоти агентӣ, “Пулотов Музаффар Маъмурович ба ҳайси мутахассиси шуъбаи барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Истаравшан кор карда,  зимни фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои мусоидат намудан, ҷиҳати гирифтани шаҳодатномаи истифодабарии замин ва гирифтани шаҳодатномаи қонунигардонии дороиҳо ба манзили номбурда маблағи 33000  сомониро бо роҳи фиреб гирифта, тасарруф намуда, ба “А” зарари калони моддӣ расонидааст”.

 Агентӣ афзуд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Пулотов Музаффар бар асоси моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Корхонаҳои  давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (МБТИ), ки ба ҳуҷҷатгузории манзил ва дигар молу мулки ғайриманқули мардум машғул мебошанд, яке аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Ба Музаффар Пулотов  бар асоси қисми сеюми моддаи 247 барои қаллобӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 912  то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 68 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он  таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи судӣ  дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мансабдорони барои гирифтани пора бадастафтода дар аксари мавридҳо бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button