ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО: ФИРЕБИ МУҲОҶИРБАЧАҲОИ ТОҶИК БА ВОСИТАИ ДУХТАРҲОИ РУС

Бачаҳои тоҷик тавонистаанд чӣ гуна ба доми духтарҳои рус афтодану дар ниҳоят ба маблағи аз 10 то 30 ҳазор рубл фиреб хӯрдани муҳоҷирбачаҳои тоҷикро дар шаҳри Маскав ба навор бигиранд.

Ба гуфтаи онҳо, дар назди истгоҳи метрои “Семёновская” махсус духтарони руси симояшон зеборо гузоштаанд, ки муҳоҷиронро “шикор” кунанд. Онҳо ба муҳоҷирбачаҳо гап партофта, бо суханоне ба мисли ин ки “бачаҳои сиёҳмӯи ҷанубиро хеле дӯст медоранд” ва изҳори ишқ онҳоро моил мекунанд, ки ҳамроҳ рафта, дар ягон қаҳвахона бишинанд.

Сипас ин духтарон бачаҳои тоҷикро ба ягон қаҳвахонаи одамони худашон мебаранд ва дар онҷо барои ягон қадаҳ шаробу ягон нӯшоба ва ягон хӯриш ба пеши бача ба маблағи бузурги на камтар аз 10 ҳазор рубл ҳисоб мегузоранд.

Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна як духтар як бачаи муҳоҷирро ба доми худ меафтонад ва он бача пеши модараш рафта, бо чӣ фиребҳое  пул мегирад, то ки ин духтарро зиёфат диҳад. Бехабар аз онки пулаш барои пардохт кардани пули “зиёфат” намерасад ва аз қаҳвахона то гӯшаш қарздор хоҳад баромад…

Бачаҳои тоҷик бо ирсоли ин навор аз ҳамаи ҳамватанон даъват мекунанд, ки хеле ҳушёр бошанд ва ба доми ин гуна қаллобон наафтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button