ВидеоМуҳоҷирон

ПАНҶ ҶӮГИРО АЗ ЧЕЧЕНИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ИХРОҶ КАРДАНД

Кормандони раёсати приставҳои ҷумҳурии Чеченистони Русия бар асоси қарорҳои додгоҳӣ  5 тан аҳ ҳодагони Тоҷикистонро барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ихроҷ кардаанд. Дар ин бораи рӯзи 30 марти соли 2023 бо такя ба хадамоти приставҳо хабаргузории “Чечня Сегодня”  хабар дод.

Бино ба иттилои приставҳо, ин шаҳрвандони хориҷӣ муддати тӯлонӣ дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон бидуни сабти ном зиндагӣ мекарданд. Муҳоҷирони ғайриқонуниро дар ҷараёни рейдҳои пулис муайян ва дастгир кардаанд.

– Додгоҳ онҳоро бар асоси қисми 1.1 моддаи 18.8 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия гунаҳкор дониста, ҳар кадомро ба маблағи 2 ҳазор рубл ҷарима баст ва ҳукми берун карданашон аз қаламрави Русияро баровард, – хабар додаанд дар идораи приставҳо.

Иҷрои ҳукми ихроҷи ин муҳоҷиронро ба приставҳо вогузор кардаанд.

– Дар пайи таҳияи асноди лозим приставҳои масъули иҷрои қарорҳои додгоҳӣ хориҷиёни қонуншиканро ба фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав бурда, аз онҳо ба Ватанашон пас фиристоданд. Тибқи қонун, муҳоҷирони ихроҷшуда барои 5 соли оянда аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум гардидаанд, – хабар додааст раёсати приставҳои Чеченистон.

Ба Чеченистон ва дигар ҷумҳуриҳову вилоятҳои минтақаи Қафқози шимолии Русия аз Тоҷикистону Ӯзбекистон барои “мардикорӣ” асосан  лӯлиҳо (ҷӯгиҳо) мераванд. Аксари онҳо бо зану фарзандони худ ба Русия мераванд ва онҷо низ асосан ба талбандагӣ машғул мешаванд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Қафқози шимолии Русия пайваста ба зидди лӯлиҳои Осиёи Марказӣ бо иттиҳоми ба талбандагӣ водор кардани фарзандони ноболиғашон парванда мекушоянд ва онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button