ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ТУРКМАНИСТОН БО ХАРҶИ 5 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР ШАҲРИ НАВ МЕСОЗАНД. НОМАШ АРКАДАГ

Мақомоти Туркманистон аз буҷаи ин кишвар барои сохтани маркази нави вилояти Ахал  — шаҳри Аркадаг, ки ба шарафи президенти қаблӣ ва раиси кунунии Маслиҳати халқ, палатаи болоии парлумон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов чунин номгузорӣ шудааст, қариба 5 миллиард доллар харҷ хоҳанд кард. Шабакаи фаронсавии France24 аз қавли раиси Кумитаи давлатии сохтмони Туркманистон Дярегелдӣ Оразов хабар дод, ки барои марҳалаи аввали сохтмони шаҳри Аркадаг 3,3 миллиард доллар сарф мешавад ва барои давраи дуюмаш боз тақрибан 1,5 миллиард. “Вале ҳаҷми аниқи хароқот танҳо баъди эълони тендер барои марҳалаи дуюми сохтмони шаҳр маълум хоҳад шуд”, — гуфтааст ин мансабдори туркман.

Нашрияи «Хроника Туркменистана», ки дар хориҷ нашр мешавад, ҳисоб кардааст, ки мақомоти Туркманистон танҳо барои харидории масолеҳи сохтмон аз хориҷ 2 миллиарду 760 миллион доллар харҷ карданианд.

Сохтмони маркази нави вилояти Ахал моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфт. Моҳи декабри соли 2022 Маҷлис, палатаи поёнии парлумони Туркманистон “бо дарназардошти хоҳишҳои сокинони вилояти Ахал ва дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ ва ҳамчунин бо пешниҳоди созмонҳои ҷамъиятӣ” қарор кард, ки ин шаҳр ба шарафи президенти қаблӣ Аркадаг номгузорӣ шавад.

Як маркази саломатии кӯдакон ва  як маҷтамаи ҳунарӣ дар боғи марказии Аркадагро ба номи худи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, як донишкадаи омӯзгориро ба номи бобои ӯ Бердимуҳаммад Аннаев ва Академияи байналмилалии асппарвариро ба номи бародари бобояд Аба Аннаев номгузорӣ кардаанд.

Тибқи нақша, шаҳри Аркадаг бояд “шаҳри ҳушманд” шавад. Дар инҷо мошинҳову автобусҳои барқӣ (жлектробусу электромобилҳо) ҳаракат хоҳанд кард, дар саросари шаҳр батареяҳои офтобӣ  ва нирӯгоҳҳои бодӣ насб мекунанд. Моҳи декабри соли 2022 Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Муродов супориш дод, то масъалаи ҳамчун “бузурггтарин, нотакрор ва зеботарин шаҳри минтақа” ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил кардани шаҳри Аркадагро матраҳ кунад.

Қаблан маркази маъмурии вилояти Ахал шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон буд. Ҳоло маркази вилоят шаҳраки Аннау аст, 8 километр дуртар аз Ишқобод ҷойгир шудааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки 65 сол дорад, аз соли 2007 то 2022, тайи 15 сол раисиҷумҳури Туркманистон, ин ҷумҳурии саршор аз манобеи нафту гази собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ  бо беш аз 6 миллион аҳолӣ буд. Ӯ дар солҳои аввали раёсаташ бисёре аз осори парастиши шахси раисиҷумҳури қаблӣ Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбоширо, ки ҳатто рӯзҳои ҳафта ва моҳҳоро ба номи худашу хешовандонаш карда буд, аз байн бурд. Вале ба зудӣ дар Туркманистон парастиши шахси худи Бердимуҳаммадов авҷ гирифт.

Дар аввали соли 2022 ӯ ба сурати ногаҳонӣ бо изҳори ин, ки хаста шудааст ва бояд ба ҷавонон роҳ кушод, курсии президентиро ба писараш Сардор дод ва худ ба курсии раиси палатаи болоии парлумон нишаст. Вале нозирони умур мегӯянд,  Сардор Бердимуҳаммадов танҳо ба ном президент аст ва дар асл кишварро ҳамчунон худи Бердимуҳаммадови калонӣ раҳбарӣ мекунад.

Манбаъ: ИА Фергана

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button