ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДАСТАИ РОҲЗАНОН, АВБОШӢ ДАР МАЙДОНИ ФУТБОЛ ВА ДУ ДУЗДӢ АЗ ДУ ХОНА

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 30.03.2023

Боздошт гардидани гурӯҳи роҳзанон

057

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 252 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 13-уми августи соли 2018, бо ҳамроҳии рафиқонаш, мардони 26 ва 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб, бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади роҳзанӣ, тахминан соати 23:00, дар роҳи мошингарди кӯчаи Н.Махсуми пойтахт марди 40-солаи сокини ноҳияи Айниро дар автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» савор намуда, корди дар дасташон бударо ба гулӯи ҷабрдида гузошта, таҳдиди куштан карда, аз ӯ 470 сомонӣ ва 2-адад телефони мобилии тамғаи «Алкател-5»-ро гирифтаанд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 249 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар заминаи авбошӣ маҷруҳ гардидани марди 37-сола

135

Аз ҷониби кормандони милитсия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 2 ва 237, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 32-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ оғоз карда шудааст.

17-уми марти соли 2023, тахминан соати 14:00, номбурда дар майдони бозии футболи варзишгоҳ, воқеъ дар деҳаи Тораканти ноҳияи Мастчоҳ аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо ашёи обдаста ба сари ӯ як маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ аз хонаҳои истиқоматӣ

021.jpg

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи зани 36-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки аз моҳи декабри соли 2022 то моҳи феврали соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо якчанд адад матоъҳои гуногуни занонаи навъи “поплин” (“паплин”)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 21 ҳазору 540 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои чорабиниҳои оператаивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 30-солаи сокини ноҳияи Файзобод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза зани 31-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми марти соли 2023, тахминан соати 09:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 3 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои чорабиниҳои оператаивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button