ВидеоМуҳоҷирон

МУҲОҶИРОНРО БАРОИ ДОНИСТАНИ ЗАБОНИ РУУСӢ ИМТИЁЗ МЕДИҲАНД, БАРОИ НАДОНИСТАН – ҶАЗО

Муҳоҷирон барои хуб донистани забони русӣ метавонанд дар супурдани андоз аз даромади ашхоси воқеъӣ (НДФЛ) то 50% имтиёз бигиранд, вале барои надонистан онҳоро метавонанд ҷарима банданд. Нашрияи “Свободная пресса” рӯзи 24 марти соли 2023 хабар дод, ки чунин пешниҳод дар як мизигирд дар Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия аз забони Валентина Казакова, сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия садо додааст.

Казакова гуфтааст, имтиёз дар супурдани андоз вобаста ба сатҳи дониши забони русии муҳоҷирон метавонад аз 10 то 50 фоизро ташкил дода, муҳоҷиронро ба омӯзиши забони русӣ ташвиқ кунад.

Валентина Казакова ҳамчунин роҳандозии рейтинги донистани забони русиро барои муҳоҷирон пешниҳод кард ва гуфт, барои онҳо бояд се моҳ давраи ҳамоиш (адаптатсия) ҷорӣ кунанд ва муҳоҷироне, ки дар ин се моҳ забони русиро ёд нагирифтанд, бояд пули иловагӣ, ба истилоҳ пардохти адаптатсионӣ бисупоранд.

Ба ин тартиб, мақомоти Русия мехоҳанд ба муҳоҷирон барои азмашон ба омӯхтани забони русӣ имтиёз диҳанд, вале онҳоеро, ки барои омӯзиши ин забон азм нишон намедиҳанд, ҷазо диҳанд.

Муҳоҷирон чандин сол боз дар Русия маҷбуранд, ки барои гирифтани патент аз забони русӣ имтиҳон бисупоранд. Онҳое, ки барои ҳаққи иқомат ё шаҳрвандӣ ариза месупоранд, бояд нафақат забон, балки таъриху фарҳанги Русияро низ бидонанд ва аз он имтиҳон бисупоранд.

Аз ин қабл, рӯзи 10 марти соли 2023 дар як ҷаласаи марбут ба масоили муҳоҷират дар ҳузури волӣ ё губернатори вилояти Калуга Владислав Шапша, ки бо сиёсати ошкоро зидди муҳоҷиронаш ном баровардааст, аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ҳамсарони бисёре аз муҳоҷирон забони русиро намедонанд ва майлу хоҳиши омӯхтани ин забонро ҳам надоранд, ки ин ба ҳамоиш ё адаптатсияи фарзандони онҳо дар мактабҳои Русия таъсири манфӣ мерасонад.

Бино ба гузориши нашршуда дар сомонаи расмии Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия (СПЧЧ), раиси СПЧ  Валерий Фадеев дар Калуга таҳияи рӯйхатти тамоми фарзандони муҳоҷиронро пешниҳод кард ва  омӯхтани забони русиро як шарт барои дарёфти кумакҳои иҷтимоӣ номид: “Агар кумаки иҷтимоӣ (соцпособие) гирифтан хоҳед, лутф кунед ва забони русиро биомӯзед! Моро метавонанд ба поймол кардани ҳуқуқи онҳо айбдор кунанд. Вале ин ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандони Русия аст. Ин барои ҷомиа зарур аст”.

Валерий Фадеев, бино ба иттилои “Свободная пресса”, ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки муҳоҷиронеро, ки фарзандонашро ҳам ба Русия овардаанд, бояд маҷбур кунанд, то ки фарзандонашонро ба мактаб бидиҳанд. Дар ғайри ин сурат, гуфт Фадеев, бояд онҳоро аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кунанд.

Ин пешниҳодҳо зоҳиран норозигии мақомоти Русия аз сатҳи донистани забони русӣ аз ҷониби муҳоҷирон ва аз тарафи дигар, аз муроҷиатҳои сершумори муҳоҷирон барои дарёфти кумакҳои иҷтимоиро нишон медиҳад. Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол то 10 миллион муҳоҷири корӣ, аз ҷумла беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик, ба ҷустуҷӯи кор ба Русия меоянд. Ҳазорон нафари онҳо занону фарзандон ва бархе падару модари худро низ ҳамроҳ ба Русия меоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button