ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҶанг дар Украина

МУЛОҚОТИ ПУТИН БО ҶИНПИНГ ДАР КРЕМЛ: ОЁ ХИТОЙ РУСИЯРО БА ХАТМИ ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА ВОДОР МЕКУНАД?

Сӣ Ҷинпинг, раиси Ҷумҳурии мардумии Чин (Хитой) рӯзи 20-уми марти соли 2023 барои аввалин бор пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи Русия ба Украина ва пас аз ҷадидан барои севумин бор раҳбари Чин интихоб шуданаш ба Русия сафар кард. Ин сафар дар ҳолест, ки 4 рӯз пеш Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (додгоҳи Гаага) ҳукми боздошти Путинро дар робита ба даст доштани ӯ ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар Украина содир кард.

Пас аз расидан ба Маскав Сӣ дар аввалин изҳори назари худ дар фурудгоҳ ба рӯзноманигорон гуфт: “Русия барои Чин шарики боэътимод аст… Аз ин рӯ ман умедворам, ин сафар пурсамар хоҳад буд ва ба ояндаи муносибатҳои Чину Русия такони ҷиддие хоҳад бахшид”.

Сиро Путин дар Кремл пешвоз гирифт. Тавре расонаҳои русӣ намоиш доданд, Путин ба ҳамтои чинии худ мегӯяд, ки “дӯсти азиз ба Русия хуш омадед!” Дар идома Путин афзуд, “медонам, ки шумо шахсан ва ҳамаи дӯстони чинии мо ба ағлаб масоили байналмиллалӣ нигоҳи мунсифона доред”.

Дар навбати худ, Сӣ низ аз Путин тавсиф намуда, ӯро “роҳбари қудратманд” хитоб намуд: “Ба далели роҳбарии қудратманди шумо дар солҳои ахир, Русия ба  пешравии чашмгире ноил гардид… . Аз ин лиҳоз ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар интихоботи соли оянда, шумо аз ҳимояти болои мардуми Русия бархӯрдор хоҳед шуд”.

Яке аз масъалаҳои калидие, ки дар ин сафар Сӣ Ҷинпинг бо Путин баҳс мекунанд, ҳамлаи Русия ба хоки Украина аст. Пештар расонаҳо навишта буданд, ки Путин пеш аз ҳуҷум ба Украина бо роҳбари Чин маслиҳат накардааст ва ҳатто ӯро дар ҷараён ҳам нагузоштааст. Бино ба хабарҳо, он замон ин рафтори Путин Сӣ Ҷинпингро нороҳат карда буд.

Дар дидори рӯзи 20 март, Путин бо ишора ба тарҳи сулҳе, ки Пекин пештар барои ҳалли ҷанг дар Украина ба тарафҳо пешниҳод кард, гуфт, ки “бо пешниҳоди ҷониби Чин дар робита барои ҳалли бӯҳрони Украина шинос ҳастам… ва барои баррасии он бо оқои Сӣ зимни ин сафар фурсати муносибе пайдо хоҳем кард”.

Расонаҳо гузориш додаанд, ки Британия ва Украина аз Сӣ Ҷинпинг хостаанд, то зимни ин сафари худ ба Русия, барои поён додан ба ҷанг ҳадди аксари кӯшишҳояшро ба харҷ бидиҳад.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Украина ба расонаҳо гуфт, ки “дар Украина мо сафари оқои Сӣ Ҷинпингро пайгирӣ дорем. Умедворем, ки роҳбари Чин аз нуфузи худ бар Маскав барои поён додан ба ҷанг истифода кунад”.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи давлати Британия ҳам гуфтааст, ки “Сӣ бояд дар Маскав Путинро ташвиқ кунанд, то ӯ нерӯҳои худро аз хоки Украина берун бароварда ва бомбаборони шаҳрҳо, бемористонҳо ва мактабҳои Украинаро бас кунад”.

Моҳи феврали соли равон президенти Украина Владимир Зеленский гуфта буд, ки “моил аст бо Сӣ Ҷинпинг дидор ва дар мавриди тарҳи сулҳи пешниҳоднамудаи Чин гуфтугӯ кунад”. 

Чанде пеш The Wall Street Journal бо такя ба манобеи худ хабар дода буд, ки Си Ҷинпинг дар рӯзҳои наздик бо президенти Украина аз тариқи телефон сӯҳбат хоҳанд кард, вале пеш аз сӯҳбат бо Зеленский Сӣ Ҷинпинг ҳатман бо Путин дар тамос хоҳад шуд.

Бо вуҷуди он ки тибқи эъломияи соли 2011 имзошуда, Чин ва Украина “шарикони стратегӣ” ҳастанд, аз аввали ҳуҷуми Русия ҷониби Чин ягон маротиба бо мақомоти Украина гуфтушунид накардааст, ба ҷуз як бор дар конфронси Мюнхен, ки он ҳам як суҳбати хеле кӯтоҳ буд.

Коршиносон бар ин ақидаанд, ки бо вуҷуди он, ки ҷонибҳои Чин ва Русия пинҳон медоранд, меҳвари асосии ин сафар ин баҳси ҷанги Украина аст. Бино ба назарҳо, Сӣ Ҷинпинг метавонад се интихобро барои Путин пешниҳод кунад. Аввал, Путинро маҷбур ба ақибнишинӣ ва сулҳ розӣ кунад. Дувум, чароғи сабз ба Путин диҳад, то ҳамлаи худро идома ва ё ҳатто пурзӯртар кунад. Севум, ҳеҷ коре анҷом надиҳад ва мисли пештара бетарафиро ихтиёр кунад.

Дар мақолаи Путин, ки як рӯз пеш аз омадани Сӣ Ҷинпинг дар расонаҳои чинӣ нашр шуд, дида мешавад, ки Путин мехоҳад нишон бидиҳад, ки Чин пуштибони Русия аст. Ӯ нишон доданӣ аст, ки ин сафари Сӣ тасдиқ мекунад, ки Чин аз ҳуҷуми Русия ба хоки Украина пуштибонӣ мекунад.

Аммо дар ҳамин ҳол ҷониби Чин ин рафтори худро танҳо аломати ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикии иқтисодӣ медонад ва то кунун аз пуштибонии рӯирости ҳамлаи Русия ба Украина худдорӣ кардааст.

Сӣ Ҷинпинг то 22-юми март дар Русия боқӣ мемонад.

Дар вокуниш ба сафари Сӣ ба Маскав вазири корҳои хориҷӣ Амрико гуфтааст, ки “ин сафар пас аз содир шудани ҳукми додгоҳи байналмилалӣ алайҳи Путин ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ нишон медиҳад, ки Чин фикр намекунад, ки  Путин бояд барои ҷиноятҳои дар Украина кардааш ҷавобгӯ бошад”.

Пеш аз ин низ мақомҳои  амрикоӣ ва аврупоӣ ба Чин ҳушдор дода буданд, ки дар сурати кумак ба Русия дар  ҷанги зидди Украина Пекинро паёмадҳои  нохуше мунтазир аст. Чин пайваста ҳама гуна хабарҳо дар робита ба даст доштани худ дар ирсоли силоҳ ва техникаҳои электрониро рад мекунад ва пофишорӣ дорад, ки дар қиболи Маскав ва Киев бетарафиро ихтиёр намудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button