ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲуқуқи инсон

“ДИДБОНИ ҲУҚУҚИ БАШАР” АЗ ОЛМОН ХОСТ, КИ ҚАЗИЯИ ИХРОҶИ АБДУЛЛОҲИ ШАМСИДДИНРО ТАҲҚИҚ ВА АЗ ДУШАНБЕ ОЗОДИИ ӮРО ТАЛАБ КУНАД

Созмони байналмилалии “Дидбони ҳуқуқи башар” (Human Rights Watch, HRW) рӯзи 20 марти соли 2023 дар  изҳороте, ки дар сомонаи ин созмон нашр шуд,  аз мақомоти Олмон талаб кард, то чӣ қазияи ихроҷи фарзанди як фаъоли мухолифини тоҷикро таҳқиқ кунад ва муайян кунад, ки Абдуллоҳи Шамсиддинро барои чӣ ба кишваре фиристодаанд, ки дар он ҷо хатари яқини истифодаи шиканҷа вуҷуд дорад?

“Ихроҷи фаъоли тоҷик аз Олмон ташвишовар аст. Абдуллоҳи Шамсиддини ихроҷшуда баробари расиданаш ба Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуд, вале бо гузашти ду моҳ расман макони нигоҳдории ӯ маълум нест ва ба ӯ эҳтимоли истифодаи шиканҷа таҳдид мекунад. Олмон бояд ба мақомоти Тоҷикистон фишор биорад, токи Абдуллоҳи Шамсиддинро ё озод кунанд, ё сабаби боздошташро фаҳмонанд ва иқдомҳое рӯи даст гирифта шавад, ки нисбат ба ӯ бадрафторӣ накунанд”, – навиштааст Ҳю Вилямсон, раҳбари барномаҳои “Дидбони ҳуқуқи башар” барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ.

“Дидбони ҳуқуқи башар” инак сеюмин созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон аст, ки дар бора  сарнавишти Абдуллоҳи Шамсиддин – писари яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва домоди раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ изҳори ташвиш мекунад (Сумайя Пирова, ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин фарзанди апаи Кабирист). Қаблан Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва “Афви байнмлмилалӣ” аз мақомоти Тоҷикистон озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро талаб карда буданд.

Изҳороти “Дидбони ҳуқуқи башар” дар ҳоле нашр шуд, ки аз ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ду моҳ мегузарад. Мақомоти Олмон ӯро рӯзи 18 январи соли 2023 савори ҳавопаймои роҳии Тоҷикистон карданд, вале баъди расиданаш ба Душанбе дигар макони будубоши ӯ расман маълум нест. Ҳарчанд манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки ӯ дар боздоштгоҳ аст.

Ҳю Вилямсон менависад, ки “дар бораи чӣ аҳвол доштани Абдуллоҳи Шамсиддин дар Тоҷикистон нигарониҳои ҷиддӣ ва комилан воқеъ вуҷуд доранд, зеро дар Тоҷикистон фаъолони мухолифин, ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон бо иттиҳомоти ангезаҳояшон сиёсӣ ба зиндон андохта шуда, дар зиндонҳо аз шиканҷа фаровон истифода мешавад”.

 Ӯ меафзояд: “Суолҳое эҷод мешаванд, ки чаро мақомоти Олмон ӯро ихроҷ карданд? Он ҳам бар хилофи қонунгузории байналмилалӣ, ки ихроҷи маҷбурии инсон ба кишварҳоеро, ки ба ӯ хатари шиканҷва дигар навъҳои бадрафторӣ таҳдид мекунад, манъ кардааст? Чунин ихроҷҳоро қонунан боз чандин созишномаи дигаре, ки Олмон имзо кардааст, манъ мекунанд”.

Ба иттилои “Дидбони ҳуқуқи башар”, Абдуллоҳи Шамсиддин, ки 33 сол дошт, аз сол 2009 дар Олмон ба сар мебурд ва узви фаъоли ҲНИТ буд, ҳизбе, ки як замон бузургтарин ҳизби оппозитсионии Тоҷикистон буд, вале соли 2015 фаъолияти онро дар он кишвар манъ карданд. Дар пайи бастани ҳизб бисёре аз роҳбарони ҲНИТ  ва аъзои хонаводаҳои онҳо зиндонӣ шуданд. Шамсиддин Саидов, падари Абдуллоҳи Шамсиддин, ки низ аз аъзои калидии ҲНИТ аст, ба Олмон паноҳанда шудааст.

Ба иттилои “Дидбони ҳуқуқи башар”,  Абдуллоҳи Шамсиддин се маротиба барои гирифтани мақоми паноҳандагӣ дар Олмон ариза дода буд, вале аризаҳояш рад шуданд.

Ҳю Вилямсон менависад: “Мақомот ва додгоҳҳои Олмон ба расонаҳо гуфтаанд, ки онҳо ба шахсияти Абдуллоҳи Шамсиддин шубҳа доштанд ва аз ин рӯ, бовар надоштанд, ки ӯ дучори шиканҷа мешавад. Қазияи ӯ мураккаб аст, чунки ӯ номашро иваз карда, чанд дафъа дар Олмон маҳкум шудааст.  Вале бо вуҷуди мураккаб будани қазияаш,  бархе нуктаҳо хеле рӯшан буданд:  бино ба гузоришҳо,  ба мақомоти Олмон шахсияти ӯ маълум шуда буд, ки Абдуллоҳи Шамсиддин аст, чунки Тоҷикистон инро соли гузашта дар ҷараёни баррасии парвандаҳои паноҳҷӯёни тоҷик тасдиқ карда буд. Мақомоти Олмон дар бораи хатари шиканҷа низ огоҳ буданд: Вазорати хориҷаи Олмон чанде пеш хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон ҳукми қонун ва низоми мустақили додгоҳӣ вуҷуд надорад. Ин вазорат мавридҳои шиканҷа дар зиндонҳо ва дар маҳбас қарор додани тарафдорони ҲНИТро низ зикр карда буд”.

Афроди огоҳ аз ин қазия гуфтаанд, ки гӯё Олмон аз Тоҷикистон замонат гирифтааст, ки дар сурати баргардонданаш, нисбат ба Абдуллоҳи Шамсиддин бадрафторӣ нахоҳанд кард. “Вале дар чунин кишвари дар масъалаи шиканҷа бадноме, чун Тоҷикистон, чунин замонатҳо на дар амал ва на аз рӯи қонун ягон қурбе надоранд”, – изҳор доштааст “Дидбони ҳуқуқи башар”.

Ба ин далел, ҳомиёнми ҳуқуқ аз Олмон хостаанд, ки ба Душанбе фишор оварда, озодии Абдуллоҳи Шамсиддин ваё шарҳи сабаби боздошти ӯро талаб кунад. “Дидбони ҳуқуқи башар” ҳамчунин талаб дорад, то мақомоти Олмон ин қазияро таҳқиқ ва муайян кунанд, ки чӣ гуна ин кишвар ин паноҳҷӯи тоҷикро ба кишваре ихроҷ кардааст, ки дар он ҷо ба ӯ  хатари яқини шиканҷа  таҳдид мекунад?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button