ВидеоРӯйдодҳои БадахшонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ГУЛСАРА РАҲМАТОВА, ХОҲАРИ ХУРДИИ ОВОЗХОНИ МАЪРУФ НУҚРА РАҲМАТОВА

Шаби 20 ба 21 марти соли 2023 Гулсара Раҳматова, ходими намоёни давлатӣ ва хоҳари хурдии овозхони машҳур Нуқра Раҳматова, дар синни 70 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар

гуруҳи фейсбукии “Ахбор” барои афкор” журналист Раҷаби Мирзо хабар дод. Гулсара Раҳматова дар ҳоле аз дунё рафт, ки тоза се моҳ пеш ба синни 70 расида буд. Ӯ аз хоҳараш Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Нуқра Раҳматова 10 сол хурд буд.

Гулсара Раҳматова  28 декабри соли 1952 дар деҳаи Сипонҷи ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1974 шуъбаи журналистикаи риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, он вақт ба номи Ленинро хатм кардааст.

Гулсара Раҳматова баробари хатми донишгоҳ ба кори комсомол (он вақт созмони ҷавонони ҳизби ҳокими коммунист) гузашта, солҳои 1975- 1980 дар вазифаҳои мудири шуъбаи ташкилии кумитаи комсомолии ноҳияи Рушон, инструктори шуъбаи ташкилӣ, мудири шуъбаи кабинети комсомолӣ ва мудири гурўҳи лектории кумитаи комсомолии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор карда, аз моҳи июли соли 1980 то декабри соли 1982 ба ҳайси инструктори кумитаи ҳизбии ноҳияи Рушон ва сипас ҳамчун котиби якуми кумитаи комсомолии ноҳияи Рушон кор кардааст.

Дар поёни соли 1982 Гулсара Раҳматова котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) таъйин шуда, солҳои 1984 -1986 дар мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд таҳсил кард. Баъди хатми он дар шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба фаъолият пардохт

Соли 1995 Гулсара Раҳматова муовини раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон тахйин шуд. Солҳои 2000-2001 инспектор Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Аз моҳи майи соли 2002 то январи 2009 дар вазифаи сардори шуъбаи таъминоти кадрии Раёсати хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон ва аз соли 2009 ҳамчун мудири бахши кадрҳо, ҳуқуқ ва корҳои махсуси Маркази исломшиносӣ буд. Ҷои кори охиринаш муовини раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон буд ва аз ҳамонҷо ба нафақа рафт.

Гулсара Раҳматова соли 1998 сазовори унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» шуда, ҳамчунин “Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон” буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button