ВидеоИқтисод

ДАР ТОҶИКИСТОН ПУЛҲОИ БАРОРИШИ СОЛИ 2022 БА МУОМИЛОТ БАРОВАРДА ШУДАНД (АКС)

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2023, таҳти №26 мутобиқи моддаҳои 65, 67 ва 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” бо мақсади таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ, Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022-ро бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот мебарорад.

Шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ  рӯзи 17 марти соли 2023 хабар дод, ки тибқи қарори зикршуда пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонии намунаи соли 2022 дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017, 2018 ва 2021, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.

Тоҷикистон аз байни кишварҳои Шӯравии собиқ охирин кишваре буд, ки танҳо моҳи октябри соли 2000, яъне 9 сол баъди фурӯ пошидани СССР, пулҳои нави худро бо номи “сомонӣ” ва “дирам” ба муомилот ворид кард. Аввалин пулҳои тоҷикӣ дар як чопхонаи Олмон чоп шуда буданд.

То соли 1995 муомилоти пулӣ дар Тоҷикистон  бо пулҳои кӯҳнаи  рубли бозмонда аз замони Шӯравӣ сурат мегирифт. Азбаски ҳамаи 14 кишвари дигари собиқи Шӯравӣ, ҳатто Русия, аз ин пулҳо даст кашида буданд, шумори беҳадди ин рублҳо аз саросари Шӯравӣ ба Тоҷикистон фурӯ рехт ва Тоҷикистонро ба ин далел ҳатто “қабристони рублҳои Шӯравӣ” низ ном мебурданд.

Соли 1995, вақте мақомоти Тоҷикистон дигар роҳи танзими ин рублҳои кӯҳнаро наёфтанд ва таваррум (инфлятсия) дар кишвар ба ҳадди ҳазорҳо фоиз афзоиш ёфта, нархи як калӯш ба 6 миллион рубл (!!!) расид, рублҳои кӯҳнаро аз муомилот барчиданд ва ба ҷои он пулҳои муваққате бо ҳамон номи рубл, вале бидуни аломати ҷудоӣ дар охираш ба муомилот дароварда шуд. Мардум ин пулҳоро бо шӯхӣ ба далели ҳазфи аломати ҷудоӣ аз охираш “рубли хатнашуда” меномиданд. “Рублҳои хатнашуда” то моҳи октябри соли 2000, яъне то замони ба муомилот баровардани “сомонӣ” ва “дирам”, воҳиди пулии Тоҷикистон ба шумор мерафтанд.

Пулҳои қоғазӣ ҶПГ.jpg

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳасан Абдуғаффор Ҳамадонӣ гуяд:

    Сатҳи таваррум, беқурбшавии пули миллӣ, афзоиши нархҳо, истеҳсолоти рақобатнопазир, воридоти бешу содироти кам, муҳоҷирати қувваи асосии корӣ, монополия, коррупсия, диктатура, бемасъулиятӣ, хунукназарӣ ва ғайра аз омилҳои асосии қафотар бурдани кишвари қафомонда аст.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button