ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

БОЗДОШТИ ЯК МОШИН БО 4 ТОННА НОС (!!!) ДАР МАРЗИ РУСИЯ БО ҚАЗОҚИСТОН (ВИДЕО)

Телеграм-канали Маш хабар дод, ки субҳи 15 марти соли 2023 дар марзи Русия бо Қазоқистон боз як мошини боркашро бо 4 тонна нос манъ кардаанд. Гуфта мешавад, ин мошинро ба Русия роҳ надода, бо бораш ба Қазоқистон баргардондаанд.

 “Тибқи санадҳо, дар дохили мошин мебоист хокистари чӯб ва ашёи хоми тамоку мебуд, ки ҳамчун нурӣ истифода мешавад. Дар асл дар байни онҳо 253 халта носи вазни умумиаш 4 тонна ҷо ба ҷо карда шуда буд. Ин назар ба 17 тонна носе, ки ҳафтаи гузашта ёфтанд, албатта, хеле камтар аст”, – хабар додааст Маш.

Ёдовар мешавем, кормандони боҷхона ё гумруки Русия рӯзи 6 марти соли 2023  дар гузаргоҳи “Бугристое” дар марзи вилояти Челябинск бо Қазоқистон дар як мошини боркаш 17 тонна нос пайдо кардаанд, ки дар 500 халта ҷобаҷо карда шуда буд. Хадамоти матбуоти боҷхонаи Челябинск дар Телеграм-канали Хадамоти федералии гумруки Русия хабар дод, ки ин ҳама бори мамнӯъ, ки арзишаш ҳудуди 25,5 миллион рубл, ё беш аз 300 ҳазор доллар баровард мешавад, ба қаламрави Русия роҳ дода нашуд ва ронанда маҷбур шуд, ки бо бораш ба Қазоқистон баргардад.

“Гуруҳи сайёри кормандони боҷхонаи Челябинск аз воридоти 17 тонна нос аз Қазоқистон пешгирӣ карданд.  Мошине, ки ин борро меовард, дар гузаргоҳи “Бугристое” манъ карда шуд ва азбаски моли дохили мошин бо ончӣ ки дар санадҳояш нишон дода шуда буд, мувофиқат намекард, ин мошинро ба Қазоқистон баргардонданд “, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ин мошин бо 500 халта ё 17 тонна нос аз Қирғизистон ба Челябинск раҳсипор буда, тибқи санадҳояш, гӯё хокистари чӯбу ашёи хоми тамоку мебурд. Нафаре, ки ин борро бояд қабул мекард, гуфтааст, ки ӯ гӯё барои дарахтони боғаш нуриҳои табиӣ фармоиш додааст.

Вале ташхиси таркиби бор нишон дод, ки дар ин 500 халта на хокистар, балки маҳз нос ҷобаҷо карда шудааст.

Нос як навъи тамокуест, ки бо иловаи оҳак ва бархе маҳсулоти дигар тайёр карда мешавад. Нос дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва бархе дигар кишварҳои Шарқ харидори зиёд дорад, вале солҳои охир тавассути муҳоҷирон ин навъи тамоку дар байни як қисми ҷавонон дар Русия низ тарафдори зиёд пайдо кардааст.

Зоҳиран баъди дидани чунин тамоюл мақомоти Русия фурӯши носро манъ карданд. Бар асоси қонунҳои нав, маҳсулоти тамоку, аз ҷумла нос, ба андозаи беш аз 250 грамм барои ҳар нафари синнаш аз 18 боло, дигар моли барои истеъмоли шахсӣ ҳисоб намешавад ва ворид карданаш ба қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) манъ карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button