ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

АМАЛИЁТИ НАҶОТИ МОҲИГИРИ МАСТ, КИ ДАР ЯК ҶАЗИРАИ ДАРЁИ ДУШАНБЕ ДАРМОНДА БУД (5 АКС)

Нимаи дуюми рӯзи 12 марти соли 2023, соати 17:03, ба навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада, хабар додаанд, ки  дар наздикии чопхонаи “Шарқи Озод” (ГЖК),  байни Сирк ва корхонаи нассоҷии Душанбе як мард дар ҷазирачае дар байни дарёи Душанбе дармондааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, гуруҳи наҷотбахшон аз воҳиди вокуниши сареъи шаҳри Душанбе ва раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ билофосила ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, баъди расидан муайян кардаанд, ки марди 42-солаи сокини шаҳри Кӯлоб дар ҳолати мастӣ ба моҳигирӣ машғул шуда, ногаҳон ба об афтодааст ва маҷрои об ӯро бурда, ба ин ҷазирачаи воқеъ дар байни дарё партофтааст.

Ҳарорати об ҳангоми роҳандозии амалиёти наҷот 10-12  дараҷа буд. Наҷотбахшон бо истифода аз банди махсус то ҷазирача расида, ба бадани он мард жилети наҷот пӯшондан ва ба банд баста, аз байни дарё берунаш оварданд ва ба бемористон интиқол доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар робита ба ин ҳодиса аз шаҳрвандон хостааст қоидаҳои бехатарӣ дар соҳили кӯлу дарёҳоро риоя карда, дар маконҳои мамнӯъ моҳидорӣ накунанд.

Бино ба  хабари дигари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда,  рӯзи 12-уми марти соли равон, соати 13:20, оби канал дар мавзеъи маҳаллаи Соҳибкорон – 2-и ноҳияи Шоҳмансур аз маҷрои худ берун шуд ва ба манзилҳои истиқоматии сокинон ворид гашт.

 Маълум шуд, ки бино бар сабаби боридани борони зиёд ва аз хасу хошок, буттаҳои хори марминҷон, дарахтони худрўй ва партобҳои сокинон пур будани канали обгузари полезӣ, оби канал самти ҷараёнашро дигар намуда, аз зери таҳкурсии девори хонаи №58 ба саҳни ҳавлии хонаҳои, №72,73,74,77,93,91,111, ворид гардидааст.

Инчунин оби канали мазкур ба 3 ҳуҷраи манзили истиқоматии № 58 ва таҳҳонаҳои манзили истиқоматии № 91 ва №93 ворид шуд.

Бо андешидани чораҳои фаврӣ ва ҷалби техникаи махсуси Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур канал аз хасу хасрӯбаҳо ва партобҳо тоза карда шуд ва об ба маҷрои худ равон гардид. 

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе бо истифода аз дастгоҳҳои обкаш оби воридшуда ба таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматии №91 ва №93 ва саҳни ҳавлии манзили истиқоматии №73-ро бурун кашида, хатари эҳтимоли ба биноҳоро рафъ кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, борҳо ба таъкид аз сокинони кишвар хоҳиш карда буд, ки сари вақт ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна партобҳо, хасрӯбаҳо ва сангу регу шағал тоза кунанд, чун аввали баҳор фасли маъмулан сербориш меояд ва сари вақт тоза кардани ҷӯву каналҳо гарави аслии таъмини амнияту бехатарии шаҳрвандон аст. “Мутаассифона, на ҳама ин корро мекунанд ва як сабаби аслии ба хонаҳои мардум даромадани сел ҳамин гуна беэътиноиҳост”, гуфта мешавад дар иттилоия.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button