МуҳоҷиронҲодиса

ФИРОРИ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК АЗ ЗИНДОНИ РУСИЯ

Дар вилояти Самараи Русия як маҳбуси зодаи Тоҷикистонро ҷустуҷӯ доранд. РЕН ТВ рӯзи 11 марти соли 2023 бо такя ба манбааш хабар дод, ки ин маҳбус шоми 9 март  аз маҳбаси сукунатӣ дар шаҳри Толятти фирор кардааст, вале зиндонбонҳо аз фирори ӯ танҳо нимашаб хабар ёфтаанд.

Маҳбуси 28-сола аз тирезаи қабати сеюми бинои воқеъ дар кӯчаи Комсомол берун ҷаста, худсарона маҳбаси сукунатиро тарк кардааст , – нақл кардааст манбаи РЕН ТВ.

Маҳбуси сукунатии №1, марбут ба идораи зиндонҳои вилояти Самара, дар ноҳияи Марказии шаҳри Толятти, дар кӯчаи Комсомолская, 129 ҷойгир шудааст. Дар ин маҳбас асосан онҳое, ки барои ягон ҷинояти сабуке, мисли дуздӣ, расондани осеб ба саломатӣ  ё барои ягон садама маҳкум шудаанд, адои ҳукм мекунанд.

Маҳбуси тоҷики фироркарда аз моҳи ноябри соли 2022 дар маҳбас қарор дошт ва мебоист моҳи июли соли 2024 озод шавад. Ӯ қаблан дар Челябинск зиндагӣ мекардааст ва барои дуздӣ маҳкум шуда буд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодисаи фирор аз маҳбас таҳти таҳқиқ қарор дорад.

Дар бораи сабабҳои фирори маҳбуси тоҷик чизе гуфта намешавад. Вале вақтҳои охир аз маҳбасҳои Русия шикоятҳои зиёд ба даст мерасанд, ки мегӯянд, мақомоти зиндонҳо маҳбусонро бо таҳдиди кушодани парвандаҳои нав ва ба гарданашон андохтани ҳукмҳои тӯлонӣ маҷбур мекунанд, ки гӯё “ихтиёран” ариза навишта, ба ҷанги зидди Украина бираванд.

Дар моҳҳои охир дар бораи дар Украина кушта шудани дастикам 20 маҳбуси тоҷик хабарҳо ба даст расиданд. То поёни ҳукми бархеи онҳо ҳамагӣ чанд моҳи дигар боқӣ монда буд ва “бо хоҳиши худ” ба ҷанг рафтани онҳо ба назари наздиконаш хеле машкук менамояд.

Бино ба омори Идораи федералии зиндонҳои Русия (ФСИН), дар зиндонҳои ин кишвар тақрибан 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан чоряки онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ, нигоҳ доштан ва фурӯши маводи мухаддири асосан сохти Афғонистон дар Русия зиндонӣ шудаанд. Зодагони Тоҷикистон дар Русия ҳамчунин барои ҷиноятҳое, чун тақаллуби аснод, убури ғайриқонунии марзҳои Русия, ё барои садамаҳо зиндонӣ мешаванд. Вале тоҷикҳое низ ҳастанд, ки дар Русия барои ҷиноятҳое, чун дуздӣ, вай барои аъмоли сангинтаре, чун куштору ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button