АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ВОЛИИ ВИЛОЯТИ БАЛХИ АФҒОНИСТОН ДАР ЯК ҲАМЛАИ МАРГТАЛАБОНА КУШТА ШУД

Волии аз сӯи “Толибон” таъйиншудаи вилояти Балхи Афғонистон Муҳаммаддовуд Музаммил субҳи 9 марти соли 2023 дар натиҷаи як таркиш кушта шуд. Бино ба гузориши расонаҳо, аз ҷумла TOLOnews, Музаммил дар бинои ҳукумати вилоят дар маркази маъмуриаш, шаҳри Мазори Шариф кушта шуд. Гуфта мешавад, як террористи маргталаб, ки дар баданаш тасмаеро бо маводи тарканда часпонда буд, худро дар қабати дуюми бинои ҳукумати вилоят тарконд. Ҳамроҳи волӣ дар ин ҳамла ду нафари дигар ҳам кушта шуданд.

Аз замони моҳи августи соли 2021 ба ҳукумат дар Афғонитсон расидани ҳаракати тундрави Толибон, Муҳаммаддовуд Музаммил то имрӯз баландпоятарин мақоми марбут ба ин ҳаракат аст, ки дар натиҷаи сӯиқасд кушта мешавад.

То кунун касе масъулияти куштани волии Балхро ба дӯш нагирифтааст. Ба зидди режими нави “Толибон” дар шимоли Афғонистон ҳам боқимондаҳои собиқ Эътилофи шимол, ки Аҳмади Масъуд, фарзанди фармондеҳи шуҳратёри он эътилоф Аҳмадшоҳи Масъуд таҳти парчами худ ҷамъашон кардааст, меҷанганд ва ҳам рақибони “Толибон” аз гуруҳи дигари тундрави “ДОИШ – Хуросон”.

Вилояти Балх бо тақрибан 1,3 миллион аҳолӣ, ки беш аз нисфаш дар маркази ин вилоят, шаҳри Мазори Шариф ба сар мебаранд, дар шимоли Афғонистон ҷойгир шуда, асосан бо Ӯзбекистон ва қисман бо Туркманистону Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Роҳҳои асосии интиқоли молу коло ба шимоли Афғонистон, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ, низ аз қаламрави вилояти Балх мегузаранд. Пули Тирмиз – Хайратон дар ҳудуди вилояти Балх ҷойгир шудааст ва ягона роҳи оҳани дар Афғонистон сохташуда низ аз Тирмизи Ӯзбекистон то шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх мегузарад.

Қаламрави вилояти Балх дар соли 2022 барои чанд ҳамлаи мушакӣ ба қаламрави кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Тоҷикистон истифода шуда буд. Масъулияти он ҳамлаҳоро ҷангҷӯёни гуруҳи “ДОИШ – Хуросон” ба дӯш гирифтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button