АфғонистонВидеоҲуқуқи инсон

ЭЪТИРОЗИ ЗАНОНУ ДУХТАРОНИ АФҒ0Н БА ЗИДДИ АПАРТЕИДИ ҶИНСИИ “ТОЛИБОН”

Рӯзи 8 марти соли 2023, дар рӯзи иди байналмилалии занон, гурӯҳе аз занони афғон дар Кобул, пойтахти Афғонистон ба зидди сиёсатҳои занситезонаи ҳукумати “Толибон” эътироз карданд.

Ҳамзамон гурӯҳе аз занҳо дар вилояти Ғур низ бо нишони эътироз дар муқобили бинои ҳукумати ин вилоят даст ба таҷаммӯъ зада, аз “Толибон” ҳуқуқи кор ва таҳсили занону духтаронро талаб карданд. Ҳарду таҷаммӯъ бо сар додани шиорҳои “Нон, Кор, Озодӣ” хостори ҷалби таваҷҷӯҳи аъзои ҳукумати толибонӣ ба занон ва духтарон дар Афғонистон шуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб карданд,то “Толибон”-ро барои поймол кардани ҳуқуқи занон посухгӯ кунанд.

Ин бори аввал нест, ки занони афғон пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи “Толибон” даст ба ҷунин тазоҳурот мезананд. Алакай пас аз ду рӯзи ғасби ҳукумат аз тарафи “Толибон”  дар таърихи 17-уми августи соли 2021 занон ва духтарон дар Кобул ба раҳпаймоӣ баромада, аз “Толибон” хоста буданд, ба ҳуқуқи зан дар Афғонистон арҷ гузошта, монеи кору таҳсили онҳо нашаванд. Вале ин таҷаммӯи занҳоро нерӯҳои “Толибон” пароканда намуда, чанд тани онҳоро боздошт низ карданд.

Дар умум ҳатто баъдан дар тазоҳуроте, ки занҳо барои аз ҳаққи рафтан ба мадорис ва донишгоҳҳо дифоъ намуда, ба хиёбонҳои Кобул, Ҷалолобод, Ҳирот, Тахор, ва Мазори Шариф баромада буданд, нерӯҳои “Толибон” онҳоро бераҳмона саркӯб ва дар як ҳолат ба рӯи онҳо маводи кимиёвӣ низ пошида буданд.

Вақте ки “Толибон” дубора ҳукумати Афғонистонро ғасб намуданд, ваъда дода буданд, ки ба фарқ аз ҳукумати қаблиашон ин дафъа ба ҳуқуқи занону духтарон арҷ мегузоранд.

Дар давраи ҳукумати якуми Толибон дар маҳзари ом сангсор кардани занҳои муҷрим дар ҷиноятҳои ахлоқие, чун муносибатҳои ғайримашруъ  ба як амри маъмул табдил ёфта буд.

Дар аввали моҳи сентябри соли 2021 “Толибон” кобинаи ҳукумати худро эълон намуданд. Бар хилофи ваъдаҳои қаблӣ, ба ин ҳукумат ягон зан роҳ дода нашуд. Баъдан онҳо духтарони аз синни 12  болоро аз рафтан ба мактаб манъ намуданд. Дар моҳи декабри соли 2022  барои духтарон ҳатто таҳсил дар донишгоҳҳо низ мамнуъ гардид.

Инчунин онҳо амр доданд, ки занҳо наметавонад танҳо ба кӯча бароянд ва ҳатман бояд як нафар аз ҷинси мард ҳамроҳи онҳо ҳузур дошта бошад. Илова бар ин, барои занҳои афғон офаридани нақш дар филмҳо, гашту гузор дар паркҳо ва машғул шудан ба тиҷорат низ аз тарафи ҳукумати”Толибон” мамнуъ шуд.

Бино ба гузоришҳо, танҳо дар соли 2022  дар Афғонистон  дастикам 159 зан кушта шуда, 50 зан водор ба худкушӣ шудааст. Дар тӯли якуним соли ҳукумати онҳо дар Ҳилманд 38, дар Нимрӯз 16, дар Парвон 7, дар Қандаҳор 5, дар Капсиё 4 ва дар Тахор 3 ҷасади занро пайдо намудаанд. Гуфта мешавад, ҳамаи ин занҳо аз сӯи нерӯҳои “Толибон” рабуда шуда, баъдан ба таври мармуз  наздикони онҳо ҷасадҳоро пайдо дар хиёбон пайдо кардаанд.

Ҳамзамон рӯзи 8-уми март гурӯҳе аз фаолони занҳои шинохтаи Эрон ва Афғонистон дар як номаи саркушода хостори ба расмият шинохтани апартеиди ҷинсӣ ба унвони ҷурм дар қонунҳои байналмиллалӣ шуданд.

Гузоришгарони Созмони Милали Муттаҳид низ дар Рӯзи ҷаҳонии занон гуфтаанд, ки “занон дар шароити ҳозира ба давраи режими аввали “Толибон” бар гаштаанд ва ҳамаи дастовардҳои занон дар муддати 20 соли гузашта аз байн рафтааст”.

Бо вуҷуди ҳамаи ин бадрафторӣ нисбат ба занон, “Толибон” рӯзи 8-уми мартро ба бонувони Афғонистон табрик намуда, гуфтанд, ки “ҳайсияти занро дар ҷомеа Афғонистон боло бурдаанд ва дар ин робита амри касеро намепазиранд”.

Дар ҳамин ҳол, дар остонаи Рӯзи байналмилалии занон, Иттиҳодияи Аврупо ду тан аз вазири “Толибон”, вазири таҳсилоти олӣ Нидо Муҳаммад Надим ва вазири амр билмаъруф Муҳаммад Холид Ҳанафиро ба далели нақзи ҳуқуқи занон таҳти таҳрим  қарор дод. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button