ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ЭЪТИРОЗҲО ДАР ГУРҶИСТОН ҲИЗБИ ҲОКИМРО МАҶБУР БА АҚИБНИШИНӢ КАРД (ВИДЕО)

Дар Тифлис (Тбилиси), пойтахти Гурҷистон пас аз қабули қонуни “гумоштаи хориҷӣ” аз тарафи парлумони ин кишвар, ки як ҷунбиши сиёсии наздик ба Кремл тарҳашро пешниҳод карда буд, шаби дувум аст, ки мардум даст ба эътирози густурда зада, хоҳони лағви ин қонун шудаанд.

Эътирозот пас аз он сар зад, ки парлумони Гурҷистон рӯзи 7-уми марти соли 2023 тарҳи қонунро дар бораи “агенти хориҷӣ” бе ҳузури намояндагони аҳзоби мухолиф баррасӣ ва қабул кард.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аъзои ҳизбҳои мухолиф ин тарҳи қонунро рӯйбардор ва пайравӣ аз айни қонуни  Русия номида, мегӯянд, ки ин қонун барои саркӯб ва парвандакушоӣ алайҳи рӯзноманигорон ва фаолони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шудааст.

Тарҳи ин қонунро собиқ сарвазири Гурҷистон, сармоядор Бидзина Иванашвилӣ тарҳрезӣ карда, ба парлумон пешкаш кардаст. Ин олигарх, ки сарваташро асосан дар Русия ҷамъ овардааст,  бо баёнияҳояш ба зидди пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо ва ба тарафдорӣ аз наздик шудани Тифлис ба Русия маъруф аст.

Ҳанӯз дар моҳи феврали соли 2023 дар пайи расонаӣ шудани хабари ин тарҳи қонун, чанд дафъа рӯзноманигорони гурҷӣ дар назди бинои порлумон ба нишони эътироз ҷамъ омада буданд.

2-юми март бошад ҳангоме, ки чанд тан вакилон дар парлумон аз ин тарҳ танқид карданд, пулис рӯзноманигорон ва мухолифони ҳукуматро аз бинои парлумон ронд.

Дар ин росто Амрико ва Иттиҳоди Аврупо низ қабули чунин қонунро таассуфбор хонда, гуфтанд, ки “пазируфтани чунин як қонун боиси қабул нашудани Гурҷистон ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо мегардад”. Ин тарҳро президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ низ напазируфта гуфта буд, ки ба он ҳатман вето мегузорад.

Ин қонун созмонҳоеро, ки аз кишварҳои хориҷӣ маблағ мегиранд, таҳти назорати ҷиддии мақомот қарор дода, дар ҳолати сарпечӣ онҳоро метавонанд ба ҷавобгарӣ кашонанд. Тавре таҷрибаи Русия нишон дод, ҳар шаҳрванд, ҳатто бидуни доштани ягон созмон ҳам метавонад зери бори ин қонун равад. Ҳатто баъзе блогерҳо барои гирифтани маблағи худ аз Ютюб ва Гугл низ “агенти хориҷӣ” эълон шуда, дар оянда муфлис шуданд ва бекор монданд. Чун аз рӯи ин қонун дар Русия доштани ҳама гуна иртибот бо шахсон ва созмонҳое, ки тамғаи “агенти хориҷӣ” гирифтаанд, метавонад оқибати нохуб дошта бошад.

Баробари  қабули қонуни “агенти хориҷӣ” шоми 7 март миқдори зиёди мардум дар назди парлумони Гурҷистон ҷамъ шуданд. омаданд. Наздик ба шаб бошад теъдоди зиёди мардум, гуфта мешавад то аз 7 ҳазор то 10 ҳазор нафар ба хиёбонҳои шаҳри Тифлис баромада, раҳпаймоии эътирозӣ доир карданд. Вале баробари наздик шудан ба бинои порлумон пулис ва нерӯҳои махсуси Гурҷитсони бархӯрди сахте нисбат ба муътаризон нишон дода, дасти кам 66 нафарро боздошт карданд.

Пас аз бархӯрди пулис муътаризон ба ғазаб омада, ба сӯи бинои парлумон сангандозӣ карданд. Бо фишори пулис, ки ба сӯи гирдиҳамомадагон аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода мекард, тазоҳуротгарон назди бинои порлумонро тарк карда, то нисфишабӣ дар хиёбони Руставелӣ эътирози худро давом доданд.

Шаби 8-уми март боз бошандагони пойтахти Гурҷистон бо нишони эътироз ва аз шаби гузашта ба маротиб зиёдтар ба хиёбонҳои Тифлис рехтанду аз ҳукумат дархости лағви қонуни қабулшуда ва озодии эътирозгарони шаби гузашта дастгиршударо талаб карданд.

Ин роҳпаймоӣ ба бархӯрди шадидтаре аз ҷониби пулис рӯ ба рӯ гардид. Дар ҷавоб баъзе аз тазоҳуротгарон низ ба сӯи пулис сангпартоӣ карда, қуттиҳои партовро оташ заданд. Нирӯҳои пулис бошад бо истифода аз газҳои ашковар ва мошинҳои махсуси оппош, ки бо номи “водомёт” маъруф аст,  тазоҳуротгаронро таъқиб карданд.

Дар ҳамин ҳол шаби гузашта, роҳбари ҳизби мухолифи “Стратегияи Агмашенебели” Григорий Вашадзе ба роҳбарони ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” шарт гузошт, ки бояд қонуни қабулшуда фавран бозпас хонда шаваду ҳамаи боздоштшудагони тазоҳурот бе қайду шарт озод шаванд, вагарна тазоҳуротро идома медиҳанд.

Бино ба хабарҳо, рӯзи 9 март ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” ва ҷунбиши “Нерӯи халқ”, ки ҳарду якҷо ин тарҳро ба парлумон пешниҳод карда буданд, таҳти фишори эътирозгарон гуфтаанд, ки қонуни пешниҳодкардаи худро бозпас гирифтаанд.

Намояндаи Иттиҳоди Аврупо аз ин рафтори ҳукумати Гурҷистон таҳсин карда, гуфтааст, ки “Гурҷистон бояд барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо кӯшиш кунад ва аз ҳар гуна қонунҳои саркӯбгар дурӣ ҷӯяд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button