ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ТАЛАБИ 3 ҲАЗОР СОЛИ ЗИНДОН БАРОИ ОМИЛИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ИСТАНБУЛ (!)

Додситонии кулли шаҳри Истанбул аз додгоҳи олии 13-уми ин шаҳр барои шаҳрванди курдтабори Сурия Аҳлам Ал-Башир ҳамчун ҷазо 3 ҳазору 9 соли зиндон талаб кардааст. Бино ба гузориши хабаргузории туркии “Анадолу” , ин зан омили асосии ҳамлаи хунини террористии рӯзи 13 ноябри соли 2022 дар кӯчаи Истиқлол дар ноҳияи Бойуғлуи шаҳри Истанбул дониста мешавад. Дар он ҳамла 6 нафар кушта ва 99 тан захмӣ шуданд.

Дар айбномаи додситонии кулли Истанбул Аҳлам Ал-Башир ба даст доштан дар ҷиноятҳои барқасдонаи зиддидавлатӣ гунаҳкор карда шуда, барояш 7 ҳукми умрбод ё аз 1949 то 3009 соли зиндон талаб карда мешавад. Бино ба фарзияи тафтишот, маҳз ҳамин зан рӯзи 13 ноябр халтаи пур аз маводи таркандаро дар рӯи як харак дар кӯчаи пуриздиҳоми Истиқлол гузошт ва чанд лаҳза баъди кӯчаро тарк кардани ӯ ин маводи мунфаҷира таркид.

Мурофиаи навбатии ин парвандаи пурсарусадо дар додгоҳи олии 13-уми Истанбул аз 9 то 11 майи соли 2023 баргузор мешавад.

ВКД Туркия қаблан гуфта буд, ки дар паси ин таркиш гуруҳҳои ҷудоиталаби курдҳо истодаанд. Ҷудоиталабони курд инак чандин даҳсола боз барои сохтани давлати мустақили Курдистон дар минтақаҳои курднишини Туркия, Сурия, Ироқ ва Эрон мубориза мебаранд.

Ба гуфтаи додситонии кулли Истанбул, Аҳлам Ал-Башир ва Билол  Ҳакмавс аъзои гуруҳҳои курди Сурия буда, дар пайи тамринҳои вижа ва гирифтани дастурҳо аз ҷониби ин гуруҳҳо бо маводи тарканда ба Туркия фиристода шуданд. Гуфта мешавад, онҳоро тавассути каналҳои махфии гуруҳҳои курд ба Истанбул интиқол дода, дар инҷо дар хонаҳои марбут ба аъзои созмонҳои ҷудоиталабони курд ҷобаҷо кардаанд. Баъди анҷоми ҳамлаи террористӣ Аҳлам Башир дастгир гардид, вале ба Билол Ҳакмавс муяссар шуд, ки аз Туркия аз тариқи Эдирна фирор кунад.

Даро робита ба ин парванда дастури ҳабси чанд тан аз роҳбарони ҷудоиталабони курд содир шуда, дар умум алайҳи 36 нафар бо иттиҳомоти сангине, чун тахриби асосҳои давлат ва якпорчагии кишвар, ташкилу роҳбарии созмонҳои террористӣ, узвият дар чунин созмонҳо, куштор ва қасди куштори шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, нигоҳ доштани силоҳу маводи тарканда ва дигар маводи хатарнок айбнома эълон шуда, додситонӣ барои 7 нафари онҳо аз додгоҳ ҳукми ҳабси умрбод ва аз 1949 то 3009 соли зиндон талаб кардааст.

Бино ба гузориши “Анадолу”, баъди онки идораи ҷосусии Туркия (MIT) маълум кард, ки Халил Менҷӣ, як нафари калидӣ дар ташкили ҳамлаи террористии Истанбул, дар шаҳри Қамишлӣ дар шимоли Сурия, ки таҳти назорати чирикиҳои курд қарор дорад, зери ҳимояти ин чирикиҳо пинҳон шудааст ва бо роҳбарони ҷудоиталабони курд дар тамос аст, барои аз байни бурдани ӯ як амалиёти вижа созмон дода шуд. Рӯзи 22 феврали соли 2023 Халил Менҷӣ дар натиҷаи ин амалиёти вижаи идораи ҷосусии Туркия дар Қамишлӣ аз байн бурда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button