ВидеоДин ва боварҳоИқтисод

САФАРИ ҲАҶ ОСОНТАР МЕШАВАД? “СОМОН ЭЙР” ПАРВОЗҲОИ МУСТАҚИМРО АЗ ДУШАНБЕЮ ХУҶАНД БА ШАҲРИ ҶИДДА ОҒОЗ МЕКУНАД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз 9 марти соли 2023 ба парвозҳои мунтазам дар масирҳои Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд оғоз мекунад.  Ин парвозҳо се маротиба дар ҳафта: ду маротиба аз Душанбе ва як маротиба аз Хуҷанд сурат мегиранд.

Бино ба иттилои расмӣ, аз санаи 9-уми марти соли 2023 парвозҳо аз Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе амалӣ мегарданд. Вақти парвоз аз Душанбе дар рӯзҳои панҷшанбе – 14:30, аз Ҷидда – 19:30, рӯзҳои якшанбе аз Душанбе 22:30, аз Ҷидда – 04:00 (субҳи душанбе) ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудаанд.

 Ҳамчунин аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд парвозҳо ба самти Ҷидда рӯзҳои сешанбе соати 21:00 ва аз фурудгоҳи Ҷидда самти Хуҷанд соати 02:00 (шаби чоршанбе) сурат мегиранд. 

Тӯли парвоз аз Тоҷикистон то Ҷидда 5 соату 15 дақиқа, роҳи бозгашт 4 соату 30 дақиқаро  дар бар мегирад.

 Парвозҳо аз Душанбею Хуҷанд ба Ҷидда бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро мешаванд.

 Дар ҳоли ҳозир, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон,  Қазоқистону Ӯзбекистон ва ба чандин шаҳри Русия анҷом медиҳад.  Ин дар ҳолест, ки парки ширкати “Сомон Эйр” ҳамагӣ аз 6 ҳавопаймои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

 Ба Арабистони Саудӣ аз Тоҷикистон асосан барои адои Ҳаҷ сафар мекунанд.

Ба далели набуди парвозҳои мустақим, шаҳрвандони Тоҷикистон то кунун ба Саудӣ асосан аз тариқи Истанбул ё Дубай ва ҳамчунин бо парвозҳои чартерие, ки барои бурдану овардани зоирони тоҷик ташкил карда мешуданд, сафар мекарданд.

Фурудгоҳи Ҷидда бузургтарин фурудгоҳи Арабистони Саудӣ буда, солона ба беш аз 30 миллион мусофир хидмат мерасонад. Аксари ин мусофирон зоиронанд, ки барои зиёрати шаҳрҳои барои мусулмонон муқаддаси Маккаю Мадина ва адои Ҳаҷ ба Саудӣ меоянд.

Дар аксҳо: Фурудгоҳи Ҷидда

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button