ВидеоДин ва боварҳоНуқтаи назар

ЗАРДУШТИ ОРИЁМЕҲР (АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ) АЗ МАНСАБИ МУДИРИ КИТОБХОНАИ ЛОҲУТӢ РАФТ

Зардушти Ориёмеҳр (Абдуқодир Талбаков), журналист ва китобдори баҳсбарангези тоҷик, рӯзи 6 марти соли 2023 эълон кард, ки шаҳрдории Душанбе имрӯз расман ба аризаи рафтанаш аз мақоми мудири китобхонаи шаҳрии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ имзо гузоштааст.

Ӯ, ки ахиран номашро аз Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) расман ба Зардушти Ориёмеҳр иваз кард ва эълон кард, ки мехоҳад ҷамъияти пайравони Зардуштро дар Тоҷикистон барқарор кунад, рӯзи 6 март дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки рафтани ӯ аз мақоми мудири китобхонаи Лоҳутӣ рабте ба иваз кардани динаш надорад, балки ӯ хеле барвақт ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат карда буд, то ӯро аз ин вазифа бигиранд.

“Масъалаи таъхири бо хоҳиши худам аз вазифаи мудири китобхонаи Лоҳутӣ рафтанам баъзе душманонамро нигарон карда буд, рафтам, гапи мард якто!” – навиштааст мудири ҳамакнун собиқи ин китобхона.

Маълум нест, ки оё ба ҷои Зардушти Ориёмеҳр кӣ ба раҳбарии китобхонаи шаҳрӣ таъйин шудааст? Дар сомонаи шаҳрдории Душанбе дар ин бора то ҳол ягон иттилои расмӣ нест.

Дар ин бора, ки оё ба Зардушти Ориёмеҳр низ ягон мақоми дигар пешниҳод шудааст ё на?, маълумоте дар даст нест. Худи ӯ гуфтааст, ки ин шабу рӯз машғули давутоз барои дар вазорати адлия сабти ном кардани Ҷамъияти зардуштиҳои Тоҷикистон аст.

Зардушти Ориёмеҳр (Абдуқодир Талбаков, Абдуқодири Абдуқаҳҳор) 49 сол дошта, зодаи ноҳияи Фархор ва хатмкардаи риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло Донишгоҳи миллӣ)-и Тоҷикистон аст. Ӯ солҳои зиёд дар соҳаи радио ва телевизиони Тоҷикистон кор карда,  чандин сол мудири радиои Тоҷикистон ва мудири ТВ “Пойтахт” (ҳоло ТВ “Душанбе) буд.

7 соли охир ӯ дар мақоми мудири китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ кор мекард.

Баъди “бадарға” шуданаш ба китобхонаи шаҳрӣ, Абдуқодир Талбаков дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар масоили доғи Тоҷикистон изҳори назар мекард, вале назарҳояш дар бораи масоили динӣ ба вокуниши тунди пайравони дини Ислом рӯбарӯ шуд. Ихтилофи назари байни ӯ ва диндорон ба ҳадде шиддат гирифт, ки моҳи январи соли 2023 Абдуқодир Талбаков дар пайи даргузашти Одина Шоҳӣ, яке аз охирин пайравони дини Зардуштӣ аз ноҳияи Ш.Шоҳин (собиқ Шӯрообод) ба сари қабри ӯ рафта, онҷо эълон кард, ки ба дини Зардуштӣ мегузарад ва ҷамъияти зардуштиҳои Тоҷикистонро барқарор мекунад.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки ба идораи ЗАГС ҷиҳати аз Абдуқодир Талбаков ба Зардушти Ориёмеҳр иваз кардани ному насабаш муроҷиат кардааст ва бояд ба зудӣ аснодашро бо ин ному насаби нав ба дасташ бидиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

3 Comments

  1. Хохиши зиёд аз пойгохи хабари ва дигар расонахо ин аст ки дар бораи ин шахс ва мавзуъи хассоси он хомуширо боло донанд.Зеро ноороми ва кинаю адовати афроди чомиа имкое допад тезу тунд гардад.

  2. Илтимос дар бораи хамин одам нанависед.95 фоизи шахрвандони кишвар мусулмон хастанд ва мавзуьи ин одам нешест бар чисми миллат.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button