ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МОШИНИ ПУР АЗ ГАЗ РОҲИ ДУШАНБЕ–ХУҶАНДРО БАРОИ 8 СОАТ БАСТ (3 АКС+2 ВИДЕО)

Рӯзи якшанбе, 5 марти соли 2023, тақрибан соати 13:33,  дар километри 114-115-уми  шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи Петеи ноҳияи Айнӣ садамае рух дод, ки ин ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистонро барои муддати беш аз 8 соат масдуд кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, як мошини пур аз гази моеъ, ки таҳти идораи як сокини Душанбе қарор дошт, ҳангоми ҳаракат аз ҷониби Хуҷанд ба тарафи Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонист ва мошин ба канори роҳ баромада, чаппа шудааст. Худи ронанда осеб надидааст, вале ба хотири бехатарӣ ба сабаби вуҷуди хатари таркидани газ ҳаракати нақлиётро тавассути ин шоҳроҳ  то замони ба мошини дигар бор кардани тамоми гази моеъ манъ кардаанд.

Ба ҷои ҳодиса наҷотбахшон аз бахши водии Зарафшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда омада, бо корҳои безараргардонӣ пардохтаанд. Гуфта мешавад, танҳо соати 21:50, яъне баъди беш аз 8 соат муяссар шудааст, ки гази моеъро аз мошини чаппашуда ба мошини дигари газкаш интиқол диҳанд ва баъди ин роҳро боз карда, ба равуои нақлиёт иҷозат додаанд.

Боз шудани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро IRS, ширкати масъули нигоҳубини ин ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва боқӣ қаламрави Тоҷикистон низ тасдиқ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button