2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ ТОҶИК ДАР ЯК САДАМА ДАР ҚАЗОҚИСТОН

Як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 3 марти соли 2023 дар як садама дар вилояти Оқтеппа ё Актюбински Қазоқистон ҷон бохтааст. Дар ин бораи расонаҳои қазоқӣ, аз ҷумла Орда.Кз, бо нашри аксҳо аз маҳалли садама хабар доданд.
Бино ба гузоришҳо, садама рӯзи ҷумъа, 3 март, дар шоҳроҳи Самара-Шимкент дар наздикии шаҳраки Қалибойи ноҳияи Ирғизи вилояти Оқтеппа рух додааст.
Гуфта мешавад, дар ин қитъаи роҳ мошини мошинкаш ё автовози тамғаи “Volvo” ба мошини боркаши тамғаи DAF бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи DAF, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Исми ӯ нашр нашудааст.
Вилояти Оқтеппа ё Актюбинск дар шимолу ғарби Қазоқистон дар марз бо вилояти Оренбурги Русия ҷойгир шудааст.
Ронандагони фураҳо ва воситаҳои дигари нақлиёт аз Тоҷикистон аз роҳҳои Қазоқистон бештар бо мақсади интиқоли бору мусофирон ба ё аз Русия истифода мебаранд.
Бино ба омори ВКД Қазоқистон, дар 9 моҳи соли 2022 дар роҳҳои ин кишвар беш аз 10 ҳазор садама рух дода, ин садамаҳо сабаби марги ҳудуди 1700 нафар шудаанд.

