ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ҲАМЛАИ ЯК ВОҲИДИ МУСАЛЛАҲ БА ВИЛОЯТИ БРЯНСКИ РУСИЯ. МЕГӮЯНД, БА ҶАНГИ ЗИДДИ ПУТИН ОМАДААНД (ВИДЕО)

Рӯзи 2 марти соли 2023 як воҳиди мусаллаҳи ношинос вориди қаламрави вилояти бо Украина ҳаммарзи Брянски Русия шуда, даст ба амалиёти ҷангӣ задааст. Аз оғози ҷанги зидди Украина то кунун садҳо мавриди ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба хоки Брянск ва дигар вилоятҳои ҳаммарз бо Украина сабт шуда буд, вале ин бори аввал аст, ки як воҳиди мусаллаҳ вориди хоки Русия шуда, даст ба амалиёти ҷангӣ мезанад.

Расонаҳои Русия ин воҳиди мусаллаҳро “гуруҳи тахрибкори Украина” меноманд ва мегӯянд, силоҳбадастон чанд нафарро ба асорат ҳам гирифтаанд.

Аммо Михаил Подоляк, мушовири дастгоҳи раисҷумҳури Украина дар Твиттер “гурӯҳи тахрибкори украинӣ” ном бурдани ин воҳид “як тавтеаи кӯҳнашуда аз сӯи ҳукумати Русия” номид ва навишт, ки зоҳиран ин нирӯҳоест, ки зидди ҳукумати Русия шӯриш бардоштаанд. “Ҳукумати Русия мехоҳад бо ин тавтеаи классикӣ каме бошад ҳам шаҳрвандонашро тарсонад ва сабаби қашшоқии аҳолию ҳамла ба як кишвари соҳибистиқлолро сафед кунад. Ва аммо  ҳаракатҳои партизанӣ дар Русия рӯ ба афзоиш аст ва онҳо рӯз ба рӯз ин ҳама беадолатию қашшоқиро дида, бадхашмтар мегарданд. Аз партизанҳои худ битарсед…” – навиштааст Подоляк.

Дар Интернет чанд видео низ пайдо шуд, ки дар он афроди мусаллаҳ худро “Сипоҳи озодибахши Русия” номида, мегӯянд, вориди қаламрави вилояти Брянск шудаанд, то ба зидди режими президенти кунунии Русия Владимир Путин биҷанганд.

Бино ба навиштаи хабаргузории ТАСС, дар шаҳраки Сушании вилояти Брянски Русия, ки дар марз бо Украина қарор дорад, задухӯрди воҳидҳои Росгвардия бо як гурӯҳи номуайяни силоҳдор идома дорад.

Телеграм-канали пропагандии Readovka, ки тарафдор ва мубаллиғи ҷанг дар Украина аст, бо такя ба манобеи худ дар мақомоти қудратии Русия хабар медиҳад, ки “гурӯҳҳои тахрибкори украинӣ вориди хоки Русия шуда, чанд нафарро ба асорат гирифтаанд”.

Дар ҳамин ҳол Shot мегӯяд, ки “гурӯҳи тахрибкори украинӣ як нафарро, ки гуфта мешавад ҳамшираи шафқат аст ба асорати худ гирифта ба тарафи номаълум бурдаанд”.

Baza бо такя ба ҳамсӯҳбати худ менависад, ки “то ба ҳол садои таркиш ба гӯш мерасад, айни замон истгоҳи барқӣ ва пойгоҳи газиро тарконданд”.

Мақомоти ҳукуматии вилояти Брянск ба РИА Новости тасдиқ кардаанд, ки задухӯрд байни нерӯҳои пулиси Русия ва шахсони силоҳбадаст дар ноҳияи Климовск идома дорад.

То ба ҳол артиши Украина дар ин масъала чизе нагуфтааст. Вазорати мудофиаи Русия низ ин қазияро шарҳ надодааст.

Бино ба навиштаи TACC ин амалиёти дуҷониба аллакай куштаву захмҳоро барҷо гузоштаат.

Расонаҳои ҳукуматии Русия менависад, ки “наздик ба 50 нафар вориди шаҳрак шуда, ҳамаи бошандагони шаҳракро ба асорат гирифтаанд”. Аммо агентии ТАСС хабар медиҳад, ки “дасти кам 6 нафарро силоҳбадастон асир гирифтаанд ва ҳамагӣ дар шаҳраки Сушанӣ 180 нафар зиндагӣ мекард”.

Субҳи 2-юми марти соли 2023 волии Бриянск Александр Богомаз дар Телеграм-канали худ навишта буд, ки “дар деҳаи Любечан, ки дар ноҳияи Климовски вилояти Брянск воқеъ аст, гурӯҳи тахрибкори иктишофии Украина ворид шуда, ба самти як мошин оташ кушодаанд, ки дар натиҷа 1 нафар ҷони худро аз даст дода, як кӯдаки 10 сола ҷароҳат бардоштааст”.

Ҳамчунин ин волӣ хабар дод, ки “дар натиҷа ҳамлаи дронӣ ба хоки Русия дар шаҳраки Сушанӣ як хона оташ гирифтааст. Деҳаи Ломаковка бошад, таҳти ҳадафи хумпораҳо аз сӯи Украина қарор гирифта, боиси тахрибӣ хонаҳои истиқоматӣ гардидааст”.

Дар ҳамин ҳол волии вилояти Курск низ аз кушта шудани як нафар ва маҷрӯҳ гардидани як нафари дигар хабар дод. Роман Старовойт менависад, ки “дар натиҷа ҳамлаи хумпораии артиши Украина дар шаҳраки Тёткино ду нафар ҷароҳат бардоштанд. Мутаассифона, то омадани мошини ёрии таъҷилӣ як нафари онҳо ҷони худро аз даст дод”.

Бояд ёдовар шуд, ки аз аввали ҳамлаи Русия ба хоки Украина вилояти Брянск то 2-юми марти соли 2023 39 маротиба зери оташи хумпораҳо Украина қарор гирифта буд. Вали ин бори аввал аст, ки як воҳиди мусаллаҳ вориди минтақаи Русия мешаванд.

Дар умум бошад минтақаи ҳаммарз бо Украина аз аввали ҷанг 350 маротиба таҳти зарбаҳои дронӣ ва хумпораӣ қарор гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Шоир Ҳасан Холмуҳаммадпури Абдуғаффор Ҳамадонӣ гуяд:

    Омад ба сарам аз ончӣ метарсидам. Аз путин пурсиданд, ки чаро аз созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ кӯмак намегиред, гуфт ҳанӯз ба қаламрави россия ҳамлаи мусаллаҳона сурат нагирифтааст. Ана ҳамла сурат гирифт. Тоҷикон бидонед, ки дар ин ҷанг путин пирӯз нахоҳад шуд, пас бояд аз рафтан ба ҷанг худдорӣ кунед.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button