ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ ДУЗДИИ ГОВ ДАР ҲАМАДОНӢ ВА СЕ ДУЗДӢ ДАР ПОЙТАХТ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 02.03.2023

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

090

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ аризаи марди 66-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 16-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 14:45-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чубек, 1 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солоаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки соли 2019, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба анборхонааш даромада, аз он ҷо маҳсулоти рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 64-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 23-юми январи 2022, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 17 ҳазору 800 сомонӣ, 1-адад телевизори тамғаи “Самсунг” ва 1-адад матоъи занонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд, ки ӯ ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии пешдастгиршуда, марди 36-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 26 ба 27-уми феврали соли 2023, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 7 ҳазор доллари амрикоӣ, 2 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 80 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия фарзанди ноболиғаш ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани нафарони кирдори қаллобӣ содирнамуда

032

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи Файзобод ворид гардидааст, ки моҳи апрели соли 2022, дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ марди 29-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзобро азони худ гуфта, онро ба маблағи 163 ҳазор сомонӣ нархгузори карда, аз ҷабрдида 118 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, хонаи мазкурро ба ӯ нафурухта фиреб карда гаштааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 42-солаи сокини шаҳри Конибодом оғоз карда шудааст, ки ӯ 19-уми октябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо баҳонаи аз хориҷа дастрас намудани автомашина 26 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Оиди ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button