ВидеоҶомеа

23 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ПАДАРИ САНГДИЛ БАРОИ КУШТОРИ БЕРАҲМОНАИ ЗАНУ ПИСАРИ НӮҲСОЛААШ (ВИДЕО)

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 24 феврали соли 2023 Зокир Аъзамов, сокини шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафарободро бар асоси қисми дуюми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар қатли бераҳмона ва сӯзондани ҷасадҳо зану фарзанди хурдсолаш гунаҳкор шинохта, ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳодисаи нангин, ки шаби 28 ноябри соли 2022 рух дод, яке аз пурсарусадотарин кушторҳои соли гузашта дар вилояти Суғд буд.

Назари наздикони Аъзамов ба ҳукми додгоҳ маълум нест, вале ин ҳукм тарафи ҷабрдидаро қонеъ накардааст. Норинисо Раҳматова, модари Фирӯза Аъзамова, ки ҳамроҳи тифли нӯҳсолааш кушта шуд, ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки онҳо мехоҳанд аз ҳукми додгоҳи вилоятӣ шикоят бурда, барои Зокир Аъзамов ҳукми умрбод талаб кунанд.

“Барои куштори ду нафар ва баъдан боз оташ задани ҷасади беҷон, 23 соли зиндон кам аст. Мо ба адолати судӣ бовар доштем ва вакили дифоъ нагирифтем, зеро эътимод доштем, ки ӯ ба ҳабси зиндони абад маҳкум мешавад”, –  гуфтааст Норинисо Раҳматова.

Ӯ нақл кардааст, ки духтараш бо Зокир Аъзамов 10 сол пеш оила барпо кард, вале дар зиндагиашон муноқиша низ рух медод:  “ Ӯро шавҳараш бо писараш оварда монду, гуфт, пас аз ду моҳ ба хона мебарад, аммо 2 сол духтарам бо набераам дар хонаи мо зист. Вақте аз шавҳараш хостем, ки ё зиндагӣ кунад ё ҷудо шавад, омада занашро бурд. Аз байн чанд муддат гузашту ҳам духтарам ва ҳам набераамро бераҳмона, бо табар кушт ва болои ин, боз ҷасади беҷони онҳоро оташ зад”.

РВКД вилояти Суғд қаблан хабар дода буд, ки сокини шаҳраки Меҳнатобод Зокир Аъзамов шаби 28 ноябри соли 2022 ҳамсари 36-солааш Аъзамова Фирӯза ва фарзанди нӯҳсолааш Аъзамов Сайёдҷонро кушта, сипас ҷасади ҳардуро оташ зад. Зокир Аъзамов дар пайи ин амали ваҳшиёна аз ҷои ҳодиса фирор кард ва ба кормандони милитсия танҳо баъди чор рӯзи ҷустуҷӯ муяссар шуд, ки ӯро дастгир кунанд.

Субҳи 28 ноябр, вақте ҷасади модару фарзанди ягонаашро пайдо карданд, хеле зуд маълум шуд, ки онҳоро аввал кушта ва сипас барои пӯшондани изи ин ҷинояти мудҳиш сӯзондаанд. Ҳамин тавр, тафтишот хеле зуд ангушти иттиҳомашро ба сӯи сарвари ин хонавода Аъзамов Зокир Эшонбобоевич, соли таваллудаш 1985 баланд кард.

Бино ба иттилои тафтишот, Зокир Аъзамов, ки дар шаҳри Конибодом мардикорӣ мекард, хеле кӯшиш карда буд, то ҷинояташ пинҳон бимонад. Ӯ аз ҷумла рӯзи 27 ноябр аз бозори ноҳияи  аз Зафаробод хеле дури Бобоҷон Ғафуров як табар ва аз сокини дигари он ноҳия бензин харида, тахминан соати нӯҳи шаб табари харидааш ва 3 литр бензинро бо худ гирифта, бо мопед ба хонааш ба шаҳраки Меҳнатобод омад. Зокир Аъзамов дар баёноташ гуфта буд, барои он шабона ва бо мопед омад, ки ягон кас аз ҳамсояҳо омаданашро набинанд. Ӯ ҳамин тавр, аз сари девор вориди хона шуда, дар ҳуҷраи хоб ба ҳамсару фарзанди ягонааш ҳамла кардааст.

Зокир Аъзамов дар ин гузориш гуфт, ҳамсарашро аз ғояти рашк куштааст. Гуфта мешуд, ки ӯ фарзандашро барои он куштааст, ки Сайёдҷон бо телефон ба бобояш занг зада, дар бораи модарашро куштани падараш хабар додааст.

Вақтҳои охир, дар пасманзари афзоиши ҳодисаҳои кушторҳои даҳшатнок, аз ҷумла куштори кӯдакони хурдсол, дар ҷомиаи Тоҷикистон садоҳое баланд мешаванд, ки ҳукми қатлро нисбат ба қотилон ва онҳое, ки ба номуси кӯдакон таҷовуз мекунанд, барқарор кунанд.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштори хешовандони наздик, аз ҷумла падару модарон аз ҷониби фарзандони онҳо хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Ин дар ҳолест, ки дар байни мардуми тоҷик эҳтироми падару модар арҷи вижае мегузоранд ва ҳатто сухани баланд задан нисбат ба волидон ё даст бардоштан ба тарафи онҳоро сахт маҳкум мекунанд.

Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангин, ба мисли қатли падару модарро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл меноманд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button