ВидеоТаърих

НАВБАТИ “ВАХШ” РАСИД: МЕҲМОНХОНАИ МАШҲУРИ ДУШАНБЕРО ВАЙРОН МЕКУНАНД (8 АКС)

Бино бар маълумоти дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, яке аз кӯҳантарин биноҳои шаҳри Душанбе –  меҳмонхонаи “Вахш” тахриб ва ба ҷои он биноҳои баландошёна сохта хоҳад шуд.

Кормандони меҳмонхона ҳам бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки бино бар тарҳи нави Нақшаи умумии рушд ё Генплани пойтахти Тоҷикистон, бинои меҳмонхонаи “Вахш” алакай дар ҳамин соли 2023  бояд вайрон карда шуда, дар ҷояш чанд бинои баландошёна сохта мешавад.

Яке аз кормандони меҳмонхона гуфт: “Аз ин рӯ, мо ҳам онро таъмир накарда истодаем. Гарчанде таъмирталаб шудаасту шароити хуб надорад”.

Меҳмонхонаи “Вахш” яке аз қадимтарин биноҳо дар маркази шаҳри Душанбе буда, аз се қабат иборат аст. Дар гузашта ин меҳмонхона, ки дар маркази пойтахт, дар паҳлуи театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ қомат афрохтааст, ҷои ба қавле “престижний” дониста мешуд.

Меҳмонхонаи “Вахш” бо усули меъмории солҳои Шӯравӣ бунёд гардида, хеле боқувват сохта шудааст ва ҳатто ғафсии баъзе деворҳояш то ба 1 метр мерасад.

Ин бино ба ғайр аз тарҳи нодираш дар поёни солҳои 90 ҳамчун қароргоҳи Комиссияи оштии миллӣ, ниҳоди нозири ҷараёни иҷрои созишномаи сулҳи соли 1997 байни ҳукумат ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик имзошуда буд. Тақсими саҳмияҳои сифоизаи мухолифин он вақт дар ҳамин бино ҳаллу фасл мешуд.

Дар замони фаъолияти комиссияи оштии миллӣ меҳмонхонаи “Вахш” шоҳиди чандин ҳолати задухӯрдҳои мусаллаҳона дар дохил ва атрофи ин бино ҳам шуда буд, ки байни гуруҳҳои норозии мухолифин сурат мегирифт.

Баъди анҷоми кори Комиссияи оштии миллӣ бинои меҳмонхонаи “Вахш” аз нав тармим шуда, онро дубора ба меҳмонхона табдил доданд. Дар ин бино ҳамчунин дафтари чанд созмону ширкат низ ҷойгир шуда буд.

Солҳои охир дар маркази шаҳри Душанбе бо баҳонаи Генплан мероси меъмории бозмонда аз замони Шӯравӣ бераҳмона аз байн бурда мешавад. Бар асоси ин нақша, ки дар ягон ҷо нашр нашудааст, алакай чандин бинои мероси таърихи асри бистуми пойтахти Тоҷикистон, аз ҷумла Почтамт, кинотеатри ба номи Ҷомӣ, театри русии ба номи Маяковский, бозорҳои Шоҳмансур ва “Баракат” (бозори Путовский) аз байн бурда шуда, тахриби бинои собиқи Кохи президентӣ, ки дар даврони Шӯравӣ қароргоҳи Кумитаи марказии ҳизби коммунист ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд, идома дорад.

Бархе, ба вижа равшанфикрон, аз тахриби биноҳои таърихии Душанбе изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, дар пойтахт бо мақсади бунёди Душанбеи асри 21 Душанбеи асри бистро аз байн бурда истодаанд.  Вале тарафдорони бозсозии шаҳр бар инанд, ки ба ҷои биноҳои пастаку назарногири бозмонда аз даврони Шӯравӣ   дар пойтахти Тоҷикистон биноҳои замонавӣ қомат меафрозанд ва Душанбе, ба қавли онҳо,  рӯз то рӯз ба Дубай монанд мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Шоир Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Биноҳои обод гарданд хароб,
    Зи тобиши ҷаҳлу нӯши шароб.
    Хабар омад аз шаҳр, ки он хонаро,
    Ба соҳибонаш гуфтанд, хезу баро.
    Чун инҷо бисозем биное баланд,
    Биёбад шаҳри мо баҳое баланд.
    Маконест инҷо ба наздики шаҳр,
    Харидор ёбад чу соҳили баҳр.
    Ба марказ нигар, биное намонд,
    Ба ёду ба поси он рафтагон.
    Бигӯянд бисозем зи нав шаҳре шабеҳ,
    Ки бошад чу Дубай, на зишту қабеҳ.
    Вале-кин, Дубай зишту биёбон буд,
    На чун шаҳри мо қаблан-ам хиёбон буд.
    Бигӯянд, манам молики шаҳр ва ҳам мири он,
    Плевать ба раъйи туву туф бар сокинон.
    Чунин аст замону ба ин қисматем,
    Ба тағйири тақдир дур аз ҳимматем.
    Гар аз ту садое дифоъан парид,
    Бигӯянд, ту хоину поину палид.
    Душанбе бимонад ба дил чун ватан,
    Ки қалби тоҷик асту Тоҷикистону Ҳасан.
    Назар деҳ Ҳасан ҳарчӣ дорӣ назар,
    Ба бомдод-назаргоҳи шому саҳар.
    Назар оқилонро, ки хонанд хабар,
    Бисозад назарсанҷу ҳақоратҳазар.
    Ки дар шаъни тоҷикон ҳақорат бад аст,
    Ба унвони душман низ ҳақорат бад аст.
    Ба бӯҳтон мардумон зиндон раванд,
    Ба тӯҳмат низ ҳалоку қурбон шаванд.
    Биё мо тоҷикон зи бобову аҷдоду хеш,
    Равем пайравӣ ба роҳи онон ба пеш.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button