ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ЗИДДИ ДАВЛАТ ДАЪВАТ МЕКАРД… БОЗДОШТИ ЯК БЛОГЕРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Кормандони бахши кофтукови ҷиноии пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 20 феврали соли 2023, тахминан соати 11:30 дар кӯчаи Моисеенко дар наздикии соҳили дарёи Нева дар маркази таърихии шаҳр як блогери 36-солаи тоҷикро дастгир кардаанд. Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла  пойгоҳи хабарии “Фонтанка”, ин блогери тоҷик барои нашри видеоҳои “зиддидавлатӣ” дар каналаш дар Ютуб аз моҳи июли соли 2020 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст.

Гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави Русия қонунӣ зиндагӣ дошт, вале дар Ватанаш ба зидди ӯ бо иттиҳомоти сангину ҷиддӣ парванда кушодаанд.

Худи дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба гуфтаи тафтишот, ин марди тоҷик дар каналаш дар Ютуб гӯё  ба сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ даъват мекард ва ҳамчунин дар байни ҷомиа кинаву адовати мазҳабӣ ва нажодӣ бармеангехт. Баъди таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтанаш ин блогер нопадид шудааст, вале маълум шуд, ки ӯ ин ҳама вақт дар қаламрави Русия буда, дар Петербург кору зиндагӣ мекард.

Ӯро ба шӯъбаи пулис оварда, ба тавқифгоҳ (ИВС) андохтаанд ва мақомоти Тоҷикистонро аз боздошт шудани нафари таҳти ҷустуҷӯяшон хабардор кардаанд.

Интизор меравад, баррасии раванди истирдоди ӯ ба Тоҷикистон оғоз шавад.

Тафсилоти дигари парвандаи ин блогери тоҷик дастрас нест. Исми ӯ низ нашр нашудааст.

Дар Тоҷикистон маъмулан бо иттиҳомоте, чун “даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ”, “барангехтани кинаю адоват” онҳоеро таҳти таъқиб қарор медиҳанд, ки фаъолияти оппозитсионӣ доранд ваё аз сиёсати ҳокимони кунунии ин ҷумҳурӣ интиқод мекунанд. Барои чунин аъмол муаллифонро метавонанд ҳамчунин ба “ҳамкорӣ бо ҳизбу гуруҳҳои мамнӯъ” ҳам айбдор кунанд. Қарори маълум, фаъолияти тақрибан ҳамаи ҳизбу гуруҳҳои умдаи оппозитсионӣ дар Тоҷикистон расман манъ карда шуда, бархеи онҳо, ба мисли “Гуруҳи 24” “созмони экстремистӣ” эълон шудаанд ва бархеи дигар, ба мисли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) созмони ҳам  “террористӣ” ва ҳам “экстремистӣ”.

Дар Тоҷикистон даҳҳо нафар бо чунин иттиҳомоти ангезаҳояшон сиёсӣ зиндонӣ карда шудаанд. Мавридҳое ҳам вуҷуд дорад, ки шаҳрвандонро ҳатто барои ягон лайк ё шарҳ дар зери видеоҳои оппозитсионӣ ба зиндон меандозанд.

Мақомоти Русия дар масъалаи таъқиби дигарандешон бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкории зич доранд ва даҳҳо тан аз фаъолони мухолифин ва мунтақидони ҳукумати Тоҷикистонро дастгир карда, ба Душанбе супурдаанд. Дар соли 2022 дар Русия ҳамчунин беш аз 20 тан аз зодагони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро боздошт карда, ба Душанбе супурданд. Тақрибан ҳамаи онҳо бо ҷурмҳое, чун ҷудоиталабӣ ва пуштибонӣ аз эътирозҳо дар ин вилояти мухтори воқеъ дар шаҳри Тоҷикистон маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button