СиёсатТоҷикистон

ШОҲРУХ САИДЗОДА СОҲИБИ РУТБАИ ГЕНЕРАЛ-МАЙОР ШУД

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 феврали соли 2023 ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонд.

Хадамоти матбуоти президент аз ҷараёни супурдани ордену медалҳо ва рутбаҳо 213 акс чоп карда, вале номи ҷоизадоронро нашр накардааст.

Дар байни онҳое, ки президент ба онҳо ҷоиза ё рутба супурд, Абдураҳмон Аламшозода ва шумори зиёде аз дигар иштироккунандагони амалиёти ҳарбии соли гузашта дар Бадахшон ба назар мерасанд.  Шоҳрух Саидзода, сардори 36-солаи раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон, дӯсти наздик ва як узви калидии тими Рустами Эмомалӣ, писари калонии Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ дар ин мулоқоти президент бо ҷоизагирифтагон ҳузур дошт.

Журналистони тоҷик Сайёфи Мизроб ва  Нуралӣ Хоркашев хабар доданд, ки Шоҳрух Саидзода сазовори рутбаи генералӣ шудааст.

“Додари ватансози ман, милисаи покдоман, инсони поквиждон, Шахсияти вораста ва вокеан хам ватандору ватанпарасту ватанпарварда ва патриот, ки бо Ӯ ифтихори вежа дорам, имрӯз рутбаи генерал-майор гирифт. Муборакамон бод!  Сафи Шохруххо бояд зиёдтарак бошад миёни чавонони ватансоз. Мо Метавонем!!! – навиштааст Сайёфи Мизроб.

Нуралӣ Хоркашев зикр кардааст, ки Шоҳрух Саидзода нафақат сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД, балки ҳамчунин узви кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе низ аст.

ШОҲРУХ САИДЗОДА КИСТ?

Шоҳрух Саидзода – сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон ва президенти дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанберо ба далели дӯстиаш бо шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва наздикиаш ба хонаводаи президент аз кадрҳои ояндадори ҳукумати имрӯза ном мебаранд. Нозирони умур аз ҳоло рақам мезананд, ки дар сурати интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Шоҳрух Саидзода метавонад як  узви калидии командаи Рустами Эмомалӣ шавад. Интизори аксар ин аст, ки бо омадани насли ҷавон, тағйироти ҷиддие дар сиёсатҳои Душанбе ба гунае, ки дар Ӯзбекистон бо омадани Шавкат Мирзиёев шоҳидаш шудем, сурат хоҳад гирифт ва аз он вопасгароии ҷиноҳи иртиҷоии “ястребҳо”, ки чанд соли охир сози аввалро дар арши сиёсии Тоҷикистон менавохтанд, дар аҳди Рустаму ҷӯраҳояш дигар асаре нахоҳад монд.

Шоҳрух Саидзода бо онки ҳамагӣ 36 сол дорад, алакай дар арши сиёсии Тоҷикистон ҷойгоҳи баландеро соҳиб шудааст. Вале боз ҳам муҳим он нест, ки ӯ имрӯз чӣ ҷойгоҳ дорад? Муҳим он аст, ки ӯ дар оянда, дар сурати ба мақоми аввал омадани дӯсташ Рустами Эмомалӣ ба куҷо ва кадом мақом хоҳад расид?

Шоҳрух Саидзода ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанберо таъсис дод, ки инак қаҳрамони 11-каратаи футболи Тоҷикистон буда, 9 маротиба Ҷому 10 маротиба Шоҳҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст овардааст.

ПОДПОЛКОВНИКУ ШОХРУХУ САИДЗОДА – БЛИЗКОМУ ДРУГУ И КЛЮЧЕВОМУ ЧЛЕНУ КОМАНДЫ  РУСТАМИ ЭМОМАЛИ – ИСПОЛНИЛОСЬ 35 – Новостной портал "Бомдод"

Дар соли 2016 Шоҳрух Саидзода ба таври ногаҳонӣ ба кор дар вазорати корҳои дохилӣ гузашт ва якбора муовини сардори раёсати кофтукови ҷиноӣ таъйин шуд. Моҳи апрели соли 2017 Саидзода иҷрокунандаи вазифаи сардори ин раёсат ва 12 декабри ҳамон сол расман сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Тоҷикистон таъйин шуд.

Шоҳрух Саидзода писари генерал Абдуфаттоҳи Ғоиб (Фаттоҳ Саидов), як узви қаблан хеле пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон аст. Падари ӯ солҳои тӯлонӣ дар мақомҳои баланди сардори Агентии мубориза бо коррупсия ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор кардааст. Абдуфаттоҳи Ғоиб моҳи январи соли 2018 дар пайи як моҷарои марбут ба воридоти гӯшти мурғ ва иҷро нашудани нақшаи солонаи гумрук аз мақомаш барканор гардида, баъди он бар хилофи интизорот, ба далелҳои то ҳол норӯшан ба ягон мақоми нави давлатӣ таъйин нашуд.

Нозирони умур инро ба ихтилофи байни кланҳои мухталиф дар арши сиёсии Тоҷикистон бастагӣ медиҳанд. Вале ин фарзия ҳам дар миён ҳаст, ки шояд Абдуфаттоҳи Ғоибро ба хотири ба мадди аввал баровардани карйераи писараш Шоҳрух ба ҳошия танг карданд. Чунин мавридҳои аз мансаб гузаштани падарон ба хотири фарзандони худ дар арши сиёсии Тоҷикистон кам нест. Аз ҷумла Матлубхон Давлатов мақоми муовини аввали сарвазирро барои ҷиянаш Давлаталии Саид холӣ кард. Ё Абдулмаҷид Достиев аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Русия ба нафақа рафт ва писараш Фарҳод Салим ба дунбол сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин шуд. Ҳамин тавр, соли 2017 Муҳаммадсаид Убайдуллоев мақоми шаҳрдори Душанберо ва моҳи апрели соли 2020 охирин мансаби расмиаш: раҳбарии Маҷлиси миллиро барои Рустами Эмомалӣ холӣ кард ва дигар барои карйераи фарзандонаш мухлисӣ мекунад, ки писари калониаш Ҷамолиддин Убайдуллоев сафири Тоҷикистон дар Фаронса асту писари дуюмаш Амирҷон дар як мақоми баланд дар  дастгоҳи президент кор мекунад.

platini_vizit

 Бисёриҳо мутмаинанд, ки курсии сардори раёсати кофтукови ҷиноии ВКД барои Шоҳрух Саидзода охирин қуллаи карйера нест. Гузашта аз ин, дар сурати амалӣ шудани сенарияи интиқоли қудрат аз падар ва писар ва ба мақоми президент омадани Рустами Эмомалӣ, Шоҳрух Саидзода метавонад ба як узви калидии командаи ӯ табдил биёбад.

Шоҳрух Саидзода аз наздиктарин дӯстони Рустами Эмомалӣ ба шумор рафта, ба гуфтаи бархе манобеъ, президент Эмомалӣ Раҳмон низ ӯро писархонд гирифтааст.

Шоҳрух Саидзода аз намояндагони ба истилоҳ “ҷиноҳи кабӯтарон” дар ҳукумати кунунӣ дониста мешавад. Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД таҳти роҳбарии ӯ шеваҳои, барои мисол, дар муқоиса бо УБОП, нармтари бархӯрд бо фаъолони оппозитсияро дунбол мекунад ва қаблан гуфта мешуд, ки як идда аз фаъолони созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи ҳизби наҳзати ислом (ҲНИТ) ва “Гуруҳи 24”, аз ҷумла собиқ муовини раиси “Гуруҳи 24” Собир Валиев, бо миёнаравии раёсати Шоҳрух Саидзода ва замонати шахсан худи ӯ бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон баргаштанд.

ТАРҶУМАИ ҲОЛИ ШОҲРУХ САИДЗОДА

 Саидзода Шоҳрух – генерал-майори милитсия, санаи таваллудаш 30-уми августи соли 1986, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии иқтисодӣ ва олии ҳуқуқшиносӣ. Айни замон дар факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунанда таҳсил намуда истодааст. Хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ: аз соли 2012.

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, ба ҳайси муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 19 апрели соли 2017 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Саидзода Шоҳрух барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳамчунин барои зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» сарфароз гардонида шудааст.
Саидзода Шоҳрух дар баробари фаъолияти хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дар корҳои ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок намуда, дар рушду нумӯи соҳаи варзиш, аз он ҷумла футбол ва якҳарбаҳои шарқӣ саҳми назаррас мегузорад.

Аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.

Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  21.02.2023

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button