ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДУ ЗАМИНЛАРЗАИ НАВИ ХАРОБИОВАР ДАР ҶАНУБИ ТУРКИЯ ВА СУРИЯ СЕ КУШТА ВА БЕШ АЗ 340 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ (ВИДЕО)

Шаби душанбе, 20 феврали соли 2023, дар ҷануби Туркия ва шимоли Сурия баъди ҳамагӣ ду ҳафтаи заминларзаҳои пурқурбонии рӯзи 6 феврал боз ду заминларзаи дигари иқтидорашон тибқи ҷадвали Рихтер 6,4 ва 5,8 балл такон дод. Агентии ҳолатҳои фавқулоддаи Туркия хабар дод, ки заминларзаи аввал соати 20:04 ба вақти маҳаллӣ рух дода, баъди чанд дақиқа замин дубора ҷунбид. Сулаймон Сойлу, вазири корҳои дохилии Туркия хабар дод, ки бар асари ин офатҳои табиӣ  3 нафар дар шаҳрҳои Антақия, Самандоғ ва Дафна ба ҳалокат расида, дастикам 213 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ӯ аз сокинон даъват кард, ки вориди биноҳои осебдида нашаванд. Бино ба хабарҳо, дар ҷануби Туркия даҳҳо ҳазор нафар бо вуҷуди ҳавои сард аз тарси такрор шудани заминларза шабро дар кӯчаҳо рӯз кардаанд.

Созмони имдодии “Кӯлоҳҳои сафед” дар бораи ҷароҳат бардоштани беш аз 130 нафар ва фурӯ рафтани биноҳои дар заминларзаҳои ду ҳафтаи пеш осебдида хабар дод.

Шоҳидон дар бораи харобиҳо дар шаҳри Антақияи вилояти Хатой дар ҷануби Туркия хабар медиҳанд. Ин вилоят бар асари офатҳои табиии рӯзи 6 феврал осеби аз ҳама бештар дида буд.

Заминларзаҳои нави харобиовар дар Туркияву Сурия дар пайи заминларзаҳои пурқурбониест, ки рӯзи 6 феврал дар ин ду кишвар ҳудуди 50 ҳазор кушта ба ҷо гузошт.

Тайи ин ду ҳафта марказҳои зилзиланигорӣ дар минтақа беш аз 6 ҳазор пасларзаро сабт карданд, вале бино ба гузориши хабарнигорони ББС дар минтақа, иқтидори ду заминларзае, ки шаби 20 феврал рух дод, хеле сангинтар буд.

Бино ба хабарҳо, ларзидани заминро сокинон дар Мисру Лубнон низ ҳис кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button