ВидеоИқтисод

ДАР 3 ШАҲРИ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОН ТО КУҶО БА ЗАМИНЛАРЗА ТОБОВАР БУДАНИ БИНОҲОИ НАВБУНЁДРО АЗ НАВ МЕСАНҶАНД

Дар пайи заминларзаҳои пурқурбонию харобиовар дар Туркияву Сурия, ки боиси ҳалокати қариб 50 ҳазор нафар ва фурӯ рехтани садҳо бино, аз ҷумла биноҳои навбунёд гардид, бисёриҳо то куҷо ба чунин заминларзаҳо сахт тобовар будани хонаҳои бисёрқабатаи солҳои ахир сохташуда дар шаҳрҳои Тоҷикистонро зери шубҳа қарор доданд. Бо дарназардошти сатҳи коррупсия дар кишвар  кам касе ба ин итминони мақомот, ки мегуфтанд, биноҳои Тоҷикистон ба заминларзаи иқтидораш то 9 балл тобоваранд, бовар кард. Бисёриҳо аз ҷумла биноҳои сохтаи раиси Хадамоти алоқа Бег Сабурро мисол меоварданд, ки ба таъбири як корбар, бар хилофи оддитарин меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шуда,  дар сохтмонаш сирф маҳсулоти пастсифат истифода шудаанд.

Дар пайи сарусадои зиёд дар ҷомиа раиси  Кумитаи сохтмон ва меъмории ҳукумати Тоҷикистон Низом Мирзозода рӯзи 16 феврали соли 2023 ба фармоише имзо гузошт, ки тибқи он “комиссия оид ба омӯзиш, таҳлил, баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бино ва иншоотҳои ба истифода додашуда дар давраи солҳои 2018-2022 ва сохтмонашон идомадошта дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд” таъсис дода мешавад.

Роҳбарии комиссияро муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Абдураҳмон Каримзода бар уҳда дошта, гуруҳи кории вобаста ба шаҳри Бохтарро мудири КВД “Лоиҳакаш” Дилшод Шарифзода ва гуруҳи кории вобаста ба вазъи сохтмонҳои шаҳри Хуҷандро Сорбони Ш., муовини сардори раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ роҳбарӣ мекунанд.

Дар фармоиш гуфта мешавад, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ рӯзи 15 феврали соли 2023 дар мавриди таъсиси гуруҳи корӣ “ҷиҳати омӯзиш, таҳлил ва баҳодиҳии эҳтимолияти рух додани заминларзаи шадид дар шаҳри Душанбе ва устувории воқеии иншоот ва биноҳои истиқоматии бисёрқабатаи ба истифода дода шуда ва сохтмонашон идомадоштаи пойтахт” амри вижае содир кардааст.

Аъзои ин комиссияву гуруҳҳои корӣ вазифадор карда шудаанд, ки сифати сохтмонҳои аз соли 2018 ба ин тараф сохташуда ва сохтмонҳои нотамомро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар санҷида, то 10 март ба раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ дар бораи натиҷаи кори худ маълумотнома пешниҳод кунанд. Дар  ин ниҳод гуфтанд, ки комиссияи махсус аз 22 феврал ба кори худ оғоз мекунад.

Аксари ин биноҳое, ки дубора таҳти санҷиш қарор мегиранд, аз ҷумла бисёре аз биноҳои сохтаи Бег Сабур, дар вақташ имзоҳои комиссияҳои қабулро ба даст овардаанд ва дар бисёраш алакай мардум зиндагӣ доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button