ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

БА ҲАР ОИЛАИ ҚУРБОНИЁНИ ТАРМА ДАР БАДАХШОН 40 ҲАЗОР ВА БАРОИ ОСЕБДИДАГОН 10 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶУДО КАРДААНД (ВИДЕО)

Ҳукумати вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба оилаҳои бар асари тармаҳои ахир зарардида кумакҳои молиявӣ ва ёриҳои якдафъаина расонда шуд. Ҳукумати вилоят дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки барои ҳар оилае, ки дар ин офати табиӣ наздикони худро аз даст додаанд, маблағи 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсоне, ки осеби ҷисмонӣ бардоштаанд, ба ҳар кадомашон маблағи 10 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.

Расондани кумакҳо аз 17 феврал оғоз ёфтааст. Дар аксҳои нашршуда дар саҳифаи ҳукумати ВМКБ дар Фейсбук дида мешавад, ки барои расондани кумакҳо худи раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба бемористонҳо ба аёдати зарардидагон ва ҳамчунин ба хонаҳои мотамзада рафтааст.

Ризо Назарзода, шаҳрдори Хоруғ гуфт, аз ҷумла ба оилаи Шовалиевҳо, ки рӯзи 15 феврали соли 2023 бар асари тарма ду азизи худ: падару писар Айдибек ва Снавбарро аз даст доданд, 80 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ ва ҳамчунин 10 халта орд, 50 литр равған, 50 кило биринҷ ва 50 кило шакар дастрас кардаанд.

Кумакҳои якдафъаина аз ҳисоби фонди президент ҷудошуда дар умум 18 тоннаро ташкил дода, аз ҷумла аз 12,5 тонна орд, 2,5 тонна шакар, 1250 литр равған, 1250 кило биринҷ ва маҳсулоти дигар иборат буда, ба оилаҳои зарардида ҳамчунин молҳое, чун бистару кӯрпа, сару либос ва пойафзол низ кумак карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, бар асари тармае, ки субҳи 15 феврали соли 2023 болои маҳаллаи Носири Хусрав (собиқ Шошхоруғ) фурӯ рехт, 15 нафар ба ҳалокат расида, 12 каси дигар захмӣ шуданд.

Ҳамчунин бар асари тармаҳои ахир як духтари 16-сола дар деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнон ва ду сокини деҳаҳои Садвадг ва Хаспо дар ноҳияи Ванҷ, ҳамчунин як ронанда дар роҳи Душанбе – Хуҷанд ҷони худро аз даст доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки аз 15 то 19 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ дар умум 200 тарма, 7 ярч ва  6 ҳолати сангрез сабт шудааст. Ҳавошиносон мегӯянд, тохтутози обу ҳавои бад дар кишвар чанд рӯзи дигар давом мекунад ва хатари фурӯ рехтани тармаҳо дар кӯҳистони ҷумҳурӣ камаш то 21 феврал боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button