ВидеоТоҷикистон

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР РОҲБАРИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар сохторҳои роҳбарии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ахиран як силсила тағйироти кадрӣ сурат гирифта, аз ҷумла роҳбарони раёсатҳои КДАМ дар ҳар се вилояти Суғд, Хатлон ва Бадахшон  ва пойтахт, шаҳри Душанбе, иваз карда шуданд.

Манобеи пойгоҳи хабарии “Бомдод” рӯзи 17 феврали соли 2023 хабар доданд, ки Шомуддин Шарипов, бародари собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Ҳумдин Шарипов, ки солҳои зиёде боз сардори раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон буд, муовини раиси КДАМ таъйин шуд.

Зубайдулло Алихонзода (Алихонов), ки то кунун дар мақоми муовини раиси КДАМ кор мекард, сардори раёсати ин ниҳоди амниятӣ дар вилояти Суғд таъйин шуда,  Неъмат Ёрматов (Шомадов) бо тарки мансаби сардори раёсати КДАМ шаҳри Душанбе ба раҳбарии раёсати КДАМ дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шудааст.

КДАМ яке аз сохторҳои аз ҳама пурнуфуз ва аз ҳама баста дар таркиби сохторҳои қудративу амниятии Тоҷикистон ба шумор меравад ва маъмулан тағйироти кадрии анҷомшуда дар сафҳояшро нашр намекунад ва шарҳ намедиҳад.

Аз моҳи августи соли 2010, инак беш аз 12 сол боз раҳбарии ин ниҳодро Саймумин Ятимов дар даст дорад. Ятимов, ки тобистони имсол ба синни 68 мерасад, яке аз аъзои мутанаффизи ҳукумати кунунии Тоҷикистон дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button