ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ ЛИБОСИ КӮДАКОНА АЗ ЯК МАҒОЗА ДАР ПОЙТАХТ ВА ҒОРАТИ ҶАВОНЗАН ДАР ВАҲДАТ

Сокини 30-солаи ноҳияи Сино бо гумони дуздии либоси кӯдакона ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ аз анбори як мағоза дастгир шудааст.

ххххххххххх

Ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки шоми 13 феврал дар дохили мошини такси аз дасти як ҷавонзани 19-сола телефонашро ба зӯрӣ кашида гирифтааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 17.02.2023

Боздошт гардидани марди 30-сола бо ҷурми дуздии либосҳои кӯдакона

74a44dcac53dc9d507d7c9d549fbebb0

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи сентябри соли 2021 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз анборхонаи мағозааш либосҳои кӯдаконаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Тасарруфи телефони мобилӣ бо роҳи зӯроварӣ

40

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми феврали соли 2023, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҳангоми дар автомашинаи кироякаши тамғаи “Опел” нишастанаш, як шахси ношинос бо тахаллуси “Беҳрӯз” ном шахс ӯро бе ягон асос дашномҳои қабеҳ дода, бо зӯроварӣ аз дасташ телефони мобилии тамғаи “Редми 9 С”-ро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 23-солаи сокини ҳамин шаҳр содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button