ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ШУМОРИ ҚУРБОНИЁНИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ТУРКИЯВУ СУРИЯ АЗ 37 ҲАЗОР ГУЗАШТ… (ВИДЕО)

Бино ба маълумоти охирин, шумори ҳалокшудагон бар асари заминларзаҳои харобиовар ва пурқурбонии рӯзи 6 феврали соли 2023 дар Туркияву Сурия аз 37 ҳазор гузашт. Туркия то субҳи 14 феврал ҳалокати 31 ҳазору 643 нафарро тасдиқ кардааст ва аз Сурия дар бораи ҳалокати дастикам 5700 нафар хабарҳо мерасанд. Рӯзи 13 феврал ба наҷотдиҳандагон муяссар шудааст, ки боз 8 нафари дигарро аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрафта зинда пайдо кунанд.

Режими президенти Сурия Башор Асад баъди як ҳафтаи ин офат билохира ба Созмони Милал иҷозат додааст, ки ба манотиқи таҳти назорати чирикиҳо низ ёриҳои башарӣ ва гуруҳҳои наҷотбахшро интиқол диҳанд.

Бо гузашти ҳар рӯз умеди зинда пайдо кардани одамон аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрафта камтару камтар мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотдиҳандагони тоҷик рӯзи 13 феврал, тайи 18 соати кор дар минтақаҳои зилзилазадаи шаҳри Қаҳрамонмаръаш дар ҷануби Туркия аз зери вайронаҳо 31 ҷасадро берун оварданд. Як гуруҳи иборат аз 50 нафар аз Кумити ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ки наҷотдиҳандагон ва табибонро дар бар мегирад, азх рӯзи 9 феврал дар Қаҳрамонмаръаш кор мекунад ва аз оғози корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ин минтақаи офатзада имдодгарони тоҷик аз зери харобаҳо 109 ҷасадро берун оварданд.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо наҷотбахшони тоҷик се нафарро зинда берун оварданд, ки ду нафари онҳо кӯдакони яке шашмоҳа ва дуюмӣ сесола буданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, наҷотдиҳандагони тоҷик ҳамроҳ бо имдодгарон аз кишварҳои дигар дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш дар шароти басо мушкил кор мекунанд. Онҳо бо воситаи таҷҳизоти вижа зери ғарами оҳану бетон, чангу хок вуҷуд додани одами зиндаро муайян мекунанд ва филҳол аз пайи наҷоти ӯ мешаванд. Ҳамин тавр, ҷасадҳои ҳалокшудагонро низ аз зери харобаҳо бо сад мушкил ва бо риояи ҳамаи қоидаҳои бехатариву беҳдоштӣ берун меоранд. Ғайр аз ин мутахассисони тоҷик ба офатзадагон ёриҳои аввалии тиббиро низ мерасонанд.

Кумита менависад, бо гузашти ҳар рӯз имкони зинда пайдо кардани одамон дар зери харобаҳо кам мешавад, аз ин рӯ, наҷотдиҳандагони тоҷик талош мекунанд ҳарчи бештар ва зиёдтар кор кунанд. Феълан онҳо дар Қаҳрамонмаръаш ҳар рӯз то 18 соат кор мекардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button