ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЯК ТИФЛИ ШАШСОЛА ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ ТРАКТОР ДАР ҚУБОДИЁН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ҳалокати як кӯдаки шашсола дар зери чархи трактор дар ноҳияи Қубодиён хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, шоми 12-уми феврали соли 2023, тахминан соати 19:25, ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-82”, Менглиев Ҳасан Унгбоевич, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Бошқалъаи ҷамоати деҳоти У.Назарови ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони хурдсол Ойматов Хуршед Ҷумъаназарович, соли таваллудаш 2017, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарони хурдсол Ойматов Х.Ҷ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 кас маъюб мешаванд. Даҳҳо нафар аз қурбониёни ин садамаҳо, мутаассифона, кӯдаконанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button